Зеҳн
Гули хандон

Китоб аз ҳикоя ва фелетонҳои ҳаҷвии нависанда Самад Ғанӣ иборат мебошад. Мазмуни асосии ҳикояҳо аз танқиди тезу тунди холабеғамон, хурофотчиён ва фиребгарон иборат аст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 144 саҳифа

ҶомеаҲикоя
Аз аввал хондан

— Эй, шумо одами ғалатӣ будаед-ку! — овози маҳини занонаи андаке хашмолуд ба гӯш расид. — Онҳо ҳанӯз ном надоранду шумо план мегӯед! Номи онҳоро мо не, балки падару модарашон мемонанд, фаҳмидед?

— Ин ҷо куҷо? — пурсидам бо оҳанги узрхоҳона.

— Таваллудхона.

Барои аз вазъияти ноқулай баромадан гуфтам:

— Ҳа, ҳа, ба ман таваллудхона даркор. Яъне шумо даркор. Дар бораи падару модарони онҳо чизе гуфта метавонед?

— Не... Ман навбатчӣ, номам Саодатхон, беҳтараш ба духтури калон муроҷиат кунед! — гуфт духтар.

— Саодатхон, илтимос мекунам, боз ба як саволи дигар ҷавоб диҳед: 25 сол пеш аз ин, дар таваллудхона чанд кӯдак таваллуд ёфта буд?

— Аҷаб одами кунҷков менамоед, — гуфт ва якбора хандида фиристод. — Он вақт на танҳо таваллудхона, ҳатто худи ман ҳам набудам. Ман аз куҷо донам? Худам имрӯз биступанҷсола шудам.

— Ин тавр бошад, муборак, муборак!

— Ташаккур. Одамҳои солдида мегӯянд, ки бисту панҷ сол пеш ин ҷо аз пастиву баландиҳо ва буттазор иборат буд. Дигар маълумотро метавонед аз идораи ЗАГS бигиред.

— Ташаккур. Хайр.

Гӯшаки телефонро ба ҷояш гузошта, ба ЗАГS рафтам, то бифаҳмам, ки дар ин ҷо дар зарфи як рӯз чӣ воқеаи дилписанде рӯй додааст.

— Кори мо аз мӯи сар ҳам бисёртар аст, — гуфт коркуни ЗАГS, — ҳар рӯз даҳҳо одамонро никоҳ мекунем, фарзандони нав таваллудёфтаро аз қайд мегузаронем, моҷарои оилавиро баробар мекунем ва ҳоказо.

пешина
аз 144
навбатӣ