Зеҳн
Гули хандон

Китоб аз ҳикоя ва фелетонҳои ҳаҷвии нависанда Самад Ғанӣ иборат мебошад. Мазмуни асосии ҳикояҳо аз танқиди тезу тунди холабеғамон, хурофотчиён ва фиребгарон иборат аст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 144 саҳифа

ҶомеаҲикоя
Аз аввал хондан

— Дар бораи ононе, ки 25 сол пеш аз ин дар ЗАГС қайд шудаанд, чӣ маълумот дода метавонед?

— Он кӯдаконе, ки 25 сол пеш аз қайди мо гузаштаанд, кайҳо ба воя расида, соҳиби илму ҳунар гардидаанд. Ана, мо имрӯз 35 духтару писарро аз рӯйхат гузарондем, ки падару модаронашон бо орзуву ҳаваси калон ба онҳо номҳои хеле муносиб ёфта мондаанд: Гулчеҳра, Муҳаббат, Дилором, Бахтиёр, Рустам, Анвар, Ғолиб, Музаффар, Фирӯз ва ғайра. Чӣ тавре ки мебинед, ҳар кадоми ин ном як китоб маънӣ дорад.

Аз он ҷо баромада, ба сӯи бозори Путовский равона шудем. Мо дар назди мағоза марди хандончеҳраро дидем, ки мошини «Москвич»-и наппа-нави оҳариро аз назар мегузаронид ва онро даст-даст карда медид.

— Ҳа, мошинро дар умратон надидаед, ки ин қадар моло-мол мекунед? — пурсид як кас аз ӯ.

— Не, харидам.

— Нархаш чанд сӯм будааст?

— Се сӯм.

— Се сӯм?

— Ҳа, сето яксӯмии шараққосӣ...

— Чӣ хел?

— Ба лотерея.

— Қандатона занед! Толеатон баланд будааст. Хонаатон дар куҷо, — пурсидем мо.

— Ба Регар, ба колхози ба номи Қиров омада, хонаи Аҳадов дар куҷо гӯед, аз хурд то калон ҳама нишон медиҳанд.

— Раҳмат. Албатта меоем, гӯсфанди бӯрдоқиро тайёр карда монед.

— Гӯсфанд бошад, гӯсфанд-дия.

пешина
аз 144
навбатӣ