Зеҳн
Афсонаҳои халқи тоҷик

Ин китоб маҷмӯи афсонаҳо ва ҳикоятҳои халқи тоҷик буда, панду ахлоқ ва ҳикоятҳои халқиро дар бар мегирад. Дар он сагу гурба, одамони ҳасуд ва воқеаҳои гуногуни тарбиявӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 135 саҳифа

АфсонаҲикоя
Аз аввал хондан
  • Дар ин ҷо ғайр аз ман каси дигар нест, — гуфт духтар.

  • Наход? — кампир худро бисёр дар тааҷҷуб мондагӣ барин нишон дод, — Ҳамеша ҳамин хел ту танҳоӣ?

  • Ҳа, ҳамеша ҳамин хел, акаам ҳар рӯз ба шикор баромада меравад, падарам бошанд, ба ҷойҳои дур мол ронда, ҳафтаҳо намеоянд, ман аз пагоҳ то бегоҳ танҳоям.

  • Ҳай-ҳай, — гуфт кампир, — аз танҳоӣ зиқ шуда кафида рафтан мумкин аст. Ба ту оинаи ҷаҳоннамо лозим аст, ки ба пешат монда тамоми оламро тамошо карда шинию хафагӣ аз дилат равад. Ин хел оина ҳузури ҷон аст.

  • Ман он қадар ҳам хафа намемонам-ку я, — гуфт духтар, — рӯз то бегоҳ ба ҳар хел корҳо овора шуда, зиқ ҳам намешавам. Албатта, оинаи шумо гуфтагӣ мебуд, нағз мешуд. Аммо онро аз куҷо меёбам?

  • Ёфтанаш он қадар душвор нест, — гуфт кампир, — бародарат сайёд будааст, илтимос кун, наход, ки оварда надиҳад. Агар «не» гӯяд, гиря кун, оби дидаи туро дида, раҳмаш меояду албатта, хоҳиши туро иҷро мекунад.

Ин гапҳо кайфи духтарро тағйир доданд. Дар дили то ҳоло орому осудаи вай ҳар гуна хоҳишҳо пайдо шуда, ӯро мушавваш карданд.

Бегоҳӣ духтарак ба пешвози додараш набаромада, дар кунҷи суфа гиря карда нишаст.

  • Ба ту чӣ шуд, чаро гиря карда нишастаӣ? — пурсид бародараш.

  • Чӣ хел гиря накунам, — гуфт духтарак сарашро аз байни зонуҳояш бардошта, — шумоён маро партофта мераветон, ман рӯз то бегоҳ танҳо зиқ шуда менишинам. Дар дунё оинаи ҷаҳоннамо гуфтагӣ чизҳо будааст, агар ин хел оина дар пешам мебуд, дунёро дида менишастаму ин қадар зиқ намешудам.

пешина
аз 135
навбатӣ