Зеҳн
Афсонаҳои халқи тоҷик

Ин китоб маҷмӯи афсонаҳо ва ҳикоятҳои халқи тоҷик буда, панду ахлоқ ва ҳикоятҳои халқиро дар бар мегирад. Дар он сагу гурба, одамони ҳасуд ва воқеаҳои гуногуни тарбиявӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 135 саҳифа

ҲикояАфсона
Аз аввал хондан

Гапи духтар ба додараш маъқул афтиду ӯ пагоҳии рӯзи дигар ба кофтукови оинаи ҷаҳоннамо баромада рафт. Рафт, рафт, аз як ағбаи барфин гузашт, аз ду ағбаи барфин гузашта, оқибат ба кӯҳе расид, ки монанди булӯр шаффоф буд. Дар таги кӯҳ, дар лаби чашмае, ки ҳар чиро чун оина акс мекард, асо бар даст як кампир меистод.

  • Салом, модари нек, - гуфт ҷавон ба кампир.
  • Салом, - гуфт кампир, - агар салом намедодӣ, туро ба як табақи булӯрин мубаддал мекардам, бо кадом мақсад омадӣ, куҷо рафта истодаӣ?
    Ҷавон мақсадашро фаҳмонид.
  • Вазифаи хатарноке ба зиммаат гирифтаӣ, - гуфт кампир, - ин оина дар дасти девон аст, вале хотирҷамъ бош, ман ба ту мадад мерасонам. Мана, ин асои маро гир, он туро нонамоён мекунад. Ана қафои ин кӯҳи булӯрин манзили девҳост. Рав, номаълум карда, ба қасри шоҳи девҳо даро ва вақте ки ҳамаашон дар хоб шуданд, оинаро гирифта омадан гир. Ҷавон асоро гирифта равон шуд...

Хоҳараш оинаи ҷаҳоннаморо дида, бисёр шодӣ кард. Дар оина ҳар киро ва ҳар чиро, ки мехост, дида метавонист.
Подшоҳ ҷавонро якчанд рӯз надида, хеле пазмон шуда буд. Вай кас фиристода, ӯро ба қасраш гирифта бурд.
Ҳамин вақт занҳои калонии подшоҳ «меҳмони шавҳарамон кӣ бошад?» гуфта нигоҳ карданд, ки подшоҳ бо писараш гарму ҷӯшон чақ-чақ карда нишастаанд. Онҳо аз нав ба даҳшат афтода, тозон ба хонаи кампир рафтанд.

  • Ту ночинс, боз ҳам моро фириб додӣ! - гуфтанд ба сари ӯ мушт бардошта, - Акнун мо адаби туро медиҳем.
  • Хотирҷамъ бошед, - гуфт кампир, - ин дафъа вай аз дасти ман сиҳат намемонад...
пешина
аз 135
навбатӣ