Зеҳн
Афсонаҳои халқи тоҷик

Ин китоб маҷмӯи афсонаҳо ва ҳикоятҳои халқи тоҷик буда, панду ахлоқ ва ҳикоятҳои халқиро дар бар мегирад. Дар он сагу гурба, одамони ҳасуд ва воқеаҳои гуногуни тарбиявӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 135 саҳифа

АфсонаҲикоя
Аз аввал хондан

Истода бо тамоми овозат номи акаатро гирифта фарёд кун. Пас муроди ту ҳосил мешавад.

Духтарак равон шуд. Вай ба наздикии боғ омада, бо тамоми овозаш номи акаашро гирифта, чунон баланд фарёд кард, ки гирду атроф ба ларза даромад. Ҳамон лаҳза ҳамаи ҳайкалҳои сангин ҷон дароварданд ва:

  • Аҳ, ин чӣ хел овозе буд? - гуфта ба тарафи лонаи тӯтиҳо равон шуданд. Ҳар кадомашон ман мегирам гуфта ҳамдигарро тела дода, ба тӯтиҳо даст дароз мекарданд.

  • Хоҳар!

  • Ҷони хоҳар!

  • Овози ин духтари либоси мардонапӯш ба ҳамаи қурбониҳои мо ҷон бахшид.

  • Дигар мо қудрати санг карданро надорем.

  • Ягона илоҷ ба он духтар таслиму мутеъ шудан аст.

  • Каси дигар ба соҳибӣ кардани мо ҳақ надорад.

Талабгорон ин гапҳои тӯтиҳоро шунида, ба тақдирашон тан доданду ба зинда шуданашон шукр карда, монда рафтанд.

Духтар тӯтиҳоро гирифта, ҳамроҳи акааш ба хонаашон омад.

Подшоҳ ба дидори бача пазмон шуда, пайваста ӯро ҷустуҷӯ мекард. Вай аз омада мондани ӯ хабар ёфта, даррав кас фиристонду овардону сабаби муддати дароз ғоиб шуда рафтанашро пурсид. Бача воқеаи аз сараш гузаштаро гуфта дод.

  • Магар ту хоҳар ҳам дорӣ? - пурсид подшоҳ ва аз сурати ҳол огоҳ шуда ба ӯ фармуд, ки пагоҳ вай хоҳару падарашро ҳамроҳ гирифта биёрад.

Рӯзи дигар, вақте ки подачию духтараш дар тараддуди рафтан буданд, тӯтиҳо ба гап даромаданд.

пешина
аз 135
навбатӣ