Зеҳн
Афсонаҳои халқи тоҷик

Ин китоб маҷмӯи афсонаҳо ва ҳикоятҳои халқи тоҷик буда, панду ахлоқ ва ҳикоятҳои халқиро дар бар мегирад. Дар он сагу гурба, одамони ҳасуд ва воқеаҳои гуногуни тарбиявӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 135 саҳифа

ҲикояАфсона
Аз аввал хондан
  • Хоҳар!
  • Ҷони хоҳар!
  • Ҳамин вақт дар қасри подшоҳ аҷиб корҳое шуда истодааст.
    Подачӣ бузу писару духтар даррав оинаи ҷаҳоннаморо нигоҳ карда диданд, ки ба таомҳои тайёр, қанду ширавор ҷою мева, ба пояндозу кӯрпаҳо заҳр пошида истодаанд.
    Аз таги дарвоза то меҳмонхонаи қаср пояндози дарозе паҳн карда шуда буд.
    Подачӣ ба рӯи пояндоз қадам намонда, аз паҳлӯи он гузашта рафт. Писару духтар аз қафои он роҳ гаштанд.
    Дар меҳмонхона кӯрпачаҳои шоҳию атлас, кимхову бахмал партофта шуда буд. Меҳмонон ба рӯи кӯрпачаҳо нагузашта, дар пойтах ба рӯи гилем нишастанд.
    Ҳар хел таомҳои болаззат оварданд. Меҳмонҳо ба онҳо нигоҳ ҳам накарданд.
    Подшоҳ бошад, духтарро дидан замон нағз дида буд ва аз ин рӯ ба ҳамаи ин эътибор надода, фақат ба рӯи хандони вай менигарист.
    Вақте ки меҳмонон хеста рафтанӣ шуданд, подшоҳ онҳоро нигоҳ дошта гуфт:
  • Не, шумо ҳеҷ ҷо намеравед! Духтарро ман ба занӣ мегирам.
    Ҳозир фармон медиҳам, ки тӯю тамошои калон барпо намуда, мардуми ҳафт кишварро ба тӯй хабар кунанд.
    Подачӣ ин гапҳоро шунида, ноилоҷ ба подшоҳ ҳақиқати ҳолро кушод. Вай ҳамаи воқеаҳои шудагиро як-як нақл карда гуфт:
  • Эй подшоҳи аъзам, инаш писари шумо ва инаш духтари шумо аст. Шумо дар вақташ бовар карда будед, ки занатон гӯё гурбаю сагбача зоида бошад. Кадом одам сагу гурба зоидааст!
пешина
аз 135
навбатӣ