Зеҳн
Афсонаҳои халқи тоҷик

Ин китоб маҷмӯи афсонаҳо ва ҳикоятҳои халқи тоҷик буда, панду ахлоқ ва ҳикоятҳои халқиро дар бар мегирад. Дар он сагу гурба, одамони ҳасуд ва воқеаҳои гуногуни тарбиявӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 135 саҳифа

АфсонаҲикоя
Аз аввал хондан

Мардум хурсанд шуда, ба чор тарафи дунё раҳ пеш гирифтанду шаҳр ба шаҳру мамлакат ба мамлакат рафта хӯрданиҳо хариданду ҷони азизи худро аз вабои қаҳтӣ наҷот доданд.

Як сол гузашт. Подшоҳ баргашт. Дид, ки мамлакат тинҷу мардум осуда, ҳама заҳмат кашидаанду ҳосил рӯёнидаанд, серпурӣ, ҳама хушҳол.

Хурсанд шуд подшоҳ, вале хурсандии ӯ дер давом накард. Бадхоҳони вазир гирди ӯ ҷамъ шуданду гуфтанд, ки хиёнати бузурге кард вазир.

Гуфтанд:

  • Эй подшоҳи бузургвор, дар хазинаю дафинаатон, ки пуропур буд, алҳол муш гардад, дона намеёбад. Подшоҳи бехазина — дарахти бемева, чӯи беоб, лашкари беяроқ. Ин ҳол пеши мамлакатҳои дигар як шармандагӣ асту бас.

Зиёд гуфтанд аз ин хел гапҳо онҳое, ки як сол пеши вазир буданд:

Ҳар номваре, ки ӯ ҷаҳон дошт, Бадномгаре зи ҳамраҳон дошт.

Он гапҳоро шунида мӯи бадани подшоҳ сих шуда хесту фарёди ҷонгудозе аз даҳонаш баромад:

  • Ба дасту пои вазир кундаву ишкел занеду задаву кашида пеши ман биёваред!

Вазирро дошта, ба дасту пояш кундаву ишкел зада, задаву кашида пеши подшоҳ оварданд.

  • Ҷаллод! Тамоми қувваеро, ки дар бадан дорӣ, ба кор андозу ба паси гардани ин хоин чунон бизан, ки мани фиребхӯрда чӣ хел хун пошида, ғелида рафтани сарашро бубинаму аламам кам шавад.
пешина
аз 135
навбатӣ