Афсонаҳои халқи тоҷик

Ин китоб маҷмӯи афсонаҳо ва ҳикоятҳои халқи тоҷик буда, панду ахлоқ ва ҳикоятҳои халқиро дар бар мегирад. Дар он сагу гурба, одамони ҳасуд ва воқеаҳои гуногуни тарбиявӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 135 саҳифа
Фаросати худро ба кор андозу коре бикун, ки мардум нобуд нашаванд, он чӣ ки дар мамлакат ҳаст, барбод наравад.
Вазир гуфт:
-
Подшоҳам, дар сурате ки ҷилави ихтиёри ҳукуматдориро ба дасти ман дода, баромада рафтанӣ шудаед, хоҳиш дорам як шарти маро қабул кунед.
-
Чӣ шарт дорӣ, эй вазир? - пурсид подшоҳ.
-
Шарти ман ҳамин, ки ҳар амале аз тарафи ман содир, мавриди эътирозу мазаммат қарор нагирад ва ҳар дасисаву фитнае, ки нисбати ман сар мезанад, аз эътибори ҷанобашон соқит гардад.
Подшоҳ розӣ шуд ва аз мамлакат баромада рафт.
Ҳамин ки хабари аз мамлакат берун шудани подшоҳ расид, вазир амр кард, ки дарҳои хазинаву дафинаи подшоҳро боз кунанд, ҳар чӣ он ҷо ҳаст, ба мардум тақсим кунанд, ба яке пул расиду ба дигаре зару ба севумиҳо шаддаву марҷону зевар. Ба ҳар кас ҳар чӣ расид.
Вазир гуфт:
- Шаҳр ба шаҳру мамлакат ба мамлакат раведу ҳар ғизое аз ҳар ҷое, ки пайдо кардед, бихареду биҳӯреду ҷони худро аз чанголи марг халос кунед!
Мардум ин кори вазирро дидаву ин сухани ӯро шунида, ҳайрон монданд: гирифтанро додан ҳасту қарзро баргардонидан. Мо-ку моли подшоҳро гирифтем, ҳар чӣ ёфтем, мехарему меҳӯрему ҷон ба саломат мебарем, аммо онро кай, чӣ хел бармегардонем?
Инро ба вазир гуфтанд. Вазир дар ҷавоб гуфт:
- Он чӣ ба шумо расид, қарз аст, аммо сари подшоҳи бузургвор ҳамеша саломат бошад, қарзро фақат баъди сари он кас бармегардонед.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё