Фариштамоҳ

Ин китоб як афсонаи халқии тоҷикӣ буда, сагузашти подшоҳ ва писарони ӯро ба риштаи тасвир мекашад. Дар он воқеаҳои аҷибе оид ба ҷустуҷӯи ишқи Фариштамоҳ ҳикоят мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 14 саҳифа
Дар яке аз он деҳаҳо чӯпонписаре зиндагӣ мекард. Ӯ ҷавони қобил, зебо ва баодоб буд. Вай ба духтари ҳамсояшон бойдухтари нозанин дил дода буду духтар ҳам ҷавонро аз дилу ҷонаш дӯст медошт. Онҳо ҳар замон рустӣ-рустӣ во мехӯрданд, лаззати ҳар вохӯрӣ муҳаббати онҳоро дучанд мекард. Кор ба ҷое расид, ки як дақиқа аз якдигар дур будан бароишон тоқатфарсо гардид.
Дар ҳамин асно воқеае рӯй доду ба решаи дӯстии онҳо теша расид: як марди давлатманд хабари зебоии духтарро шуниду ӯро ба писари худ гирифта доданӣ шуду ба хонаи бой хостгор фиристод. Бой ҳам писари давлатмандро аз ҳар ҷиҳат ба духтари худ муносиб дониста, розӣ шуд ва ба норозигии духтараш эътибор надода, ӯро ба шахси дилнохоҳаш ба шавҳар дод.
Духтар бошад, ба сари сахту бахти бади худ лаънат хонда, қарор дод, ки худро нобуд карда, аз ин бало халос шавад. Ба ин мақсад даруни остин кордеро пинҳон намуда, интизори пешомади худ шуд.
Тӯй гузашт. Домод ба пеши духтар даромад. Духтар дар як кунҷи хона, чун кабки аз боз рамида, сари худро дарун кашида маҳзуну ғамгин нишаста буд. Ҳамин ки ҷавон ба ӯ наздик шудан хост, духтар аз ҷояш часта хест ва кордро аз даруни остинаш бароварда гуфт:
— Ба ман наздик нашав, ки ё туро мекушам, ё худамро!
Домод ҳайрон шуда пурсид:
— Чаро ту ин тавр мекунӣ? Гуноҳи ман чист?
Духтар гуфт:
— Ман як ҷавони дигарро аз таҳти дил дӯст доштам, маро ба ту маҷбуран доданду аз ёри дилхоҳам ҷудо карданд, бе ӯ ба ман зиндагӣ ҳаром аст.
Домод ба духтар гуфт:
— Агар ин тавр бошад, ҳозир хеста назди дилхоҳат раву бо ӯ зиндагӣ карда гаштан гир!
Духтар чизе нагуфта, аз ҷояш хеста, равон шуд. Вай ба дарё расида, аз кӯпрук гузашта истода буд, ки ҳамон роҳзан аз пешаш баромад. Роҳзан дар назди худ духтари хушлибосу нозанинро дида ҳайрон шуда гуфт:
— Аҷабо, дар ин нимишабӣ далертарин мард ҳам ҷуръат карда, ба ин ҷо намеояд. Аз ҷасорати ту ман ҳайронам. Ба кадом мақсад раҳ пеш гирифтай, куҷо меравӣ?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё