Фариштамоҳ

Ин китоб як афсонаи халқии тоҷикӣ буда, сагузашти подшоҳ ва писарони ӯро ба риштаи тасвир мекашад. Дар он воқеаҳои аҷибе оид ба ҷустуҷӯи ишқи Фариштамоҳ ҳикоят мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 14 саҳифа
нозанин. Дар ҳамин асно боғбон расида омад ва ӯро дузд гумон карда кашолакунон ба назди подшоҳ бурд.
Шахси ба дуздӣ айбдоршуда ба пурсиши подшоҳ ҷавоб дод, ки вай пир буд, баъди хӯрдани зардолу ногаҳон ҷавон шуд.
Подшоҳ ҳайрон шуда гуфт:
— Ин хел ки бошад, чаро он пир мурд?
Ҳам подшоҳу ҳам боғбон аз он бехабар буданд, ки ба зардолу баъди афтоданаш, море заҳр зада рафта буд...
— Эй дӯсти азиз, акнун ту бигӯй, — гуфт писари подабон ба лӯҳтак, — ба марги булбул ва пирамард кӣ айбдор аст?
— Албатта, боғбон, — гуфт лӯҳтак. Зардолуро аз шохи дарахт нагирифта аз замин бардошта бурдани ӯ боиси марг шуд.
— Гапат дуруст, — гуфт писари подабон, — гунаҳкор боғбон аст.
Духтар ба ин эътироз карда гуфт:
— О ҷавонмард, ин қадар шумо ва дӯсти дар хирадмандӣ номбаровардаи шумо нодонед! Гунаҳкори асосӣ подшоҳ аст. Ӯро лозим буд, ки пеш аз донаро ба пирамард додан ва пеш аз ба ҷазо расондани булбули накӯкор воқеаро ҳартарафа санҷида барояд. Ин гуна кӯтоҳандешӣ ва саросемакории подшоҳон сабаби қурбониҳои беҳуда мешавад.
Писари подабон инро шунида, боз ба сӯи лӯҳтак рӯ оварда гуфт:
— Эй дӯсти ҷонӣ, ин дафъа ҳам ту хато кардӣ ва ҷавоби ту ба Фариштаи нозанин маъқул наомад, ту бояд дар назди ин духтари дар ҳусну хирадмандӣ беҳамто зиракии худро нишон диҳӣ, вагарна ман ҳамчун шахси дурӯғгӯй дар ёди ӯ мемонам. Акнун як воқеаи дигар нақл мекунам, ту бодиққат гӯш куну фикри худро гӯй!
— Хуб, нақл кун, — гуфт лӯҳтак ба сӯи ҷавон хаму рост шуда. Писари подабон ба ҳикоя кардан сар кард:
— Дар як кунҷи мамлакати мо, — гуфт ӯ, — дар ду соҳили дарё ду деҳа воқеъ шудааст. Деҳаҳоро кӯпруки дарози чӯбин ба ҳам мепайвандад. Чанд вақт пеш дар кӯпрук роҳзане пайдо шуда, сарулибос ва молу анҷоми роҳгузарҳоро ғорат карда, шудашонро ба дарё мепартофт. Вале рӯзе шуд, ки он роҳзани бераҳму шафқат як каси либосҳои қиматбаҳо пӯшидаро, на танҳо ғорат карда ба дарё напартофт, балки бо ҳурмати тамом то он лаби кӯпрук гусел карда монд. Ин ҳодиса ин хел рӯй дод:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё