Зеҳн
Панди бобо (Ғанӣ Ҷӯразода)

Китоб дорои ҳикояҳо ва қиссаҳои тарбиявӣ ва панҷомӯзӣ мебошад, ки ба хонандагон оид ба арзишҳои ахлоқӣ ва ростию накӯкорӣ маслиҳат медиҳанд. Асар аз ҳаёти мардум ва воқеаҳои таърихӣ нақл мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 77 саҳифа

ТаърихҚисса
Аз аввал хондан

Роӣ чӣ Беҳрӯз ба пурсишҳои вай ҷавоби аниқу равшан надод. Китобро худаш ба дасти Беҳрӯз супорида буд, наход фаромӯш карда бошад? Вай ин хел одат надошт-ку!

Ба Беҳрӯз чӣ шудааст?

Ба Беҳрӯз баъди се ҳафтаи табобат ҷавоб доданд. Духтурон ба амаки Абдураҳим гуфтанд, ки писараш сахт захмдор шуда будааст ва барои он ки мабодо асабҳояш осеб дида бошанд, пеш аз хона бурдан ӯро ба духтурони бемориҳои рӯҳу асаб нишон диҳад. Вай ба шӯъбаи бемориҳои асаб рафта, духтурро ёфта, воқеаро батафсил нақл намуд.
— Беморро ба палата хобонда, ташхису таҳқиқ кардан лозим. Бе ин касалӣ муайян ва табобат карда намешавад, — гуфт духтур.
Амаки Абдураҳим розӣ шудан ё нашуданашро надониста хаёл карда монд.
— Агар аҳволи бача ҳозир хуб бошад, метавонед баъдтар муроҷиат кунед. Мо ҳар вақт қабул карда, ба палата мехобонем, — илова кард духтур.
— Ба фикри ман ҳам ҳамин хел шавад, беҳтар будагист, — розӣ шуд амаки Абдураҳим, - чунки бача дар беморхона бисёр хобида зиқ шудагӣ.
Падару писар ба хона баргаштанд. Ҳамсояҳо паи ҳам барои дидани Беҳрӯз омаданд. Дастархонҳои пур аз нозу неъмат ороста, ба косаю табақҳо шӯрбою палав кашиданд. Холаи Салима ва Замира меҳмононро хурсандона қабул карда мегуселониданд. Ҳавлии васеи амаки Абдураҳим мисли тӯйхона шуда буд.
Рӯзи дигар як гурӯҳ ҳамсинфони Беҳрӯз барои дидорбинӣ омаданд. Баъди ҳолу аҳволпурсӣ дар ҳар мавзӯъ сӯҳбат авҷ гирифт. Беҳрӯз ба пурсишҳои ҷӯраҳояш кӯтоҳ-кӯтоҳ ҷавоб дода, лабонаш моили табассум аксар вақт хомӯш менишаст ва ба фикру хаёлҳои тӯлонӣ дода мешуд.
Ҳабиба рӯзи аввали ба беморхона рафтанашро ба хотир оварда, дар ҳайрат мемонд, ки чаро Беҳрӯзи хушгуфтори

пешина
аз 77
навбатӣ