Зеҳн
Панди бобо (Ғанӣ Ҷӯразода)

Китоб дорои ҳикояҳо ва қиссаҳои тарбиявӣ ва панҷомӯзӣ мебошад, ки ба хонандагон оид ба арзишҳои ахлоқӣ ва ростию накӯкорӣ маслиҳат медиҳанд. Асар аз ҳаёти мардум ва воқеаҳои таърихӣ нақл мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 77 саҳифа

ҚиссаТаърих
Аз аввал хондан

давом мекардааст. Тоқат куну бин, аз интизорӣ кӯки чашм канда, одам як мурдаю зинда шуданаш мумкин. Ҳар гоҳ ҳамшираи тиббӣ Сулҳия дар пеши дар пайдо мешуду ҳарфе нагуфта боз ғайб мезад ва ҳар дафъа амаки Абдураҳим аз ҷояш хеста давида наздиаш рафтани мешуд, вале боз ба ҷояш менишаст.

Овози гиряи занона диққати нишастагонро ба худ кашид. Дар шафати бинои чорқабата ду мард ва як занаки солхӯрда, ки нолаю зорӣ мекард, намудор шуданд. Занак ба «бас, апа, бас! Ин қадар ғам хӯрда худатро азоб нате, фоида надорад» гуфтани мардҳо гӯш накарда, фиғон мебардошт, хуни ҷигар мехӯрд. Дар як дам дар гирду атрофи занак мардум ҷамъ шуда, ҳар кас аз ҳамдигар «чӣ воқеа шудааст?» гӯён мепурсид. Мӯйсафеди асобадаст, ки болои харак нишаста буд, бо оҳи пурдард ва афсӯс гуфт:
– Ному нишонаи хоҳараш ҳамин як духтар буд, ки аз вай ҳам маҳрум шуд, бечора.

Одамон ба мӯйсафед паи ҳам савол медоданд. Мӯйсафед, ки ҳамсояи духтар будааст, ба нақл даромад:
– Духтари даҳсолаи хоҳараш аз дунё гузашт. Вай духтари худаш барин буд, бисёр дӯст медошт занак. Духтурон ҳарчанд кӯшиданд, аз марг халос карда натавонистанд.
– Духтар чӣ касалӣ дошт?
– Дилаш касал буд. Ҳамон шаби пурдаҳшат сахт тарсида, дилкаф шуда будааст.
– Аз чӣ тарсидааст?
– Ин қиссаи дуру дароз, лекин ман мухтасар мегӯям. Солҳои ҷанг силоҳдорон шабона ба ҳавлӣ даромада, падару модар ва акою укаҳои Шамсияро парронда, хонаро оташ заданд. Ҳамаи ин даҳшату ваҳшоният дар пеши назараш рӯй додааст. Худи духтарак тасодуфан зинда монда, гурехта дар пахтазор пинҳон мешавад. Шамсия он вақт чор-панҷсола буд. Ҳамин занак, ки холааш буд ва дар шаҳр зиндагӣ мекард, ӯро гирифта калон кард. Лекин духтарак аз касалии дил халос нашуд. Занак барои табобати вай чӣ корҳое накард. Ана барои ҳамин занак дар ғами ҷигарбандаш ин қадар сӯхта обу адо мешавад.

пешина
аз 77
навбатӣ