Зеҳн
Панди бобо (Ғанӣ Ҷӯразода)

Китоб дорои ҳикояҳо ва қиссаҳои тарбиявӣ ва панҷомӯзӣ мебошад, ки ба хонандагон оид ба арзишҳои ахлоқӣ ва ростию накӯкорӣ маслиҳат медиҳанд. Асар аз ҳаёти мардум ва воқеаҳои таърихӣ нақл мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 77 саҳифа

ҚиссаТаърих
Аз аввал хондан

Одамон оҳиста-оҳиста пароканда шуданд. Ҳабибаю Кабир бо табъи хира назди амаки Абдураҳим рафтанд. Амаки Абдураҳим чашмонаш нигарони духтурҳо хомӯш нишаста буд. Ба назди даромадгоҳ ҳамшираи тиббӣ Сулҳия омада, амаки Абдураҳимро ба тарафаш хонд. Аз паси ӯ ҷарроҳ Фаттоҳ Бобоҷонов баромад ва бо табассум амаки Абдураҳимро чеғ зад. Ҳамшираи тиббӣ Сулҳия гуфта буд, ки ҷарроҳ шахси бадҷаҳл ва асабонӣ аст, лекин агар кораш барор гирад, аз вай дида дигар одами ҳалиму хушгуфтор дар дунё ёфт намешавад, чашмонаш медурахшанд, лабонаш аз табассум гул мекунанд. Ҳозир вай ҳамин хел одам буд. Аз афташ маълум, ки ҷарроҳӣ хуб гузаштааст. Амаки Абдураҳим аз хушҳолӣ чӣ тавр ба утоқи кории профессор Амон Пӯлодов ворид шуданашро нафаҳмид.

– Ҷарроҳӣ нағз гузашт, – гуфт Фаттоҳ Бобоҷонов, – аҳволи бачаатон хуб ва ҳеҷ ҷои хавотирӣ нест.

– Баъди ягон ҳафта ҷароҳаташ шифо ёфта хона меравад, – илова кард профессор.

– Ба ҳамаи шумо ҳазор раҳмат, – сипосгузорӣ намуд амаки Абдураҳим, – як лаҳза ӯро дида метавонам?

– Не, беморро нороҳат кардан мумкин нест. Пагоҳ ба палата мегузаронем. Фардо омада дида метавонед, – гуфт профессор.

Амаки Абдураҳим бо духтурҳо хуш карда берун баромад ва дар долон Ҳабибаю Кабирро дид, ки интизори ӯ буданд.

Хоби Ҳабиба

Ҳабиба имшаб хоб дид, хоби аҷоибу ғароиб. Хоб дид, ки амаки Абдураҳим ба бачаҳои маҳалла, ки аллакай дар кӯча ҷамъ шуда, бозӣ мекарданд, мегуфт:

– Бачаҳо! Шумо хабар надоред?

– Имрӯз дар хонаи мо тӯй мешавад, тӯи Беҳрӯзу Ҳабиба, – мегӯяд бо табассуми ширин амаки Абдураҳим.

Бачаҳо бовар накарда механданд.

пешина
аз 77
навбатӣ