Зеҳн
Панди бобо (Ғанӣ Ҷӯразода)

Китоб дорои ҳикояҳо ва қиссаҳои тарбиявӣ ва панҷомӯзӣ мебошад, ки ба хонандагон оид ба арзишҳои ахлоқӣ ва ростию накӯкорӣ маслиҳат медиҳанд. Асар аз ҳаёти мардум ва воқеаҳои таърихӣ нақл мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 77 саҳифа

ҚиссаТаърих
Аз аввал хондан

Ва туфлии Беҳрӯз ҳам наппа-нав ва оҳараш нарехта. Арӯсу домод аз дасти ҳамдигар дошта, шармгинона табассум мекарданд. Аз паси онҳо меҳмонҳои бисёре ба ҳавлӣ даромаданд.

Бӯрон, ҳамон чӯпонбача бо дили саршор аз шодӣ най навохта, оҳанги шӯхворе замзама мекард. Касе намедонист, ки чӯпонбачаи найнавозро кӣ ва кай ба тӯй даъват кардааст.
Шояд хушхабари тӯйро шунида худаш омада бошад ё Беҳрӯз даъват кардааст? Кабири хаппак ҳам бало будааст.
Доираро чунон мезанад, ки аз артистони ҳақиқӣ монданӣ надорад. Ин хаппаки камгап (ҳатто бегап гӯем, хато намешавад, чунки то гап назанӣ, даҳон намекушояд) доиразаниро дар куҷо ёд гирифта бошад? Дар бораи сурнайчӣ ҷои гап нест. Аз афташ дар театри халқӣ кор мекунад, маълум, ки амаки Абдураҳим киро карда овардааст.

Дар зери садои мусиқӣ холаи Салимаю Замира ба рақс даромаданд. Бибии Замира як қаф қандалоти ҳархела оварда аз болои сари арӯсу домод пошид. Кӯдакон қию чукунон барои чидану талош кардани қандҳо афту дарафт карданд.
Кампир ҳамаро болои катҳо шинонда, дуо хонд, чунон дуру дароз хонд, ки тоқати амаки Абдураҳим тоқ шуда, нохост сулфида монд.

... Ҳабиба аз хобаш як қад парида хест. Субҳ дамида, рӯз кайҳо равшан шудааст. Хуршед болои қуллаи кӯҳҳо як қади найза баланд шуда буд.

Аҷабо, ин ҳама хоб аст ё хаёл? Наход хоб бошад? Бале, ҳам хобу ҳам хаёлест, ки шабона пеш аз хоб аз дил гузаронда буд, баъд хобаш сахт бурда, дер бедор шудааст. Аҷабо!
Ин тӯй аз куҷо ба хобаш даромадааст? Дар бораи ин фикре накарда буд. Ё тавба! Фикру хаёли вай ба пешвозгирии Беҳрӯз банд буд. Бале, Ҳабиба мехоҳад бозгашти Беҳрӯзро аз беморхона ҳамин тавр мисли тӯй бо тантана, бо рақсу суруд ва шодию сурур пешвоз гиранд, то ки як умр дар ёдҳо монад. Ба ҳар ҳол кӯшиш мекунанд, ки маросими истиқболгирии Беҳрӯз ҳамон тавре, ки мехоҳанду тасаввур менамоянд, доир гардад. Барои ин падару модар ва дӯстони Беҳрӯз чӣ қадар ташвишҳо кашиданд, ғаму ғуссаҳо хӯрданд,

пешина
аз 77
навбатӣ