Зеҳн
Панди бобо (Ғанӣ Ҷӯразода)

Китоб дорои ҳикояҳо ва қиссаҳои тарбиявӣ ва панҷомӯзӣ мебошад, ки ба хонандагон оид ба арзишҳои ахлоқӣ ва ростию накӯкорӣ маслиҳат медиҳанд. Асар аз ҳаёти мардум ва воқеаҳои таърихӣ нақл мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 77 саҳифа

ҚиссаТаърих
Аз аввал хондан

Ҷонбозиҳо карданд. Хайрият ки ин ташвишҳо барабас нарафтанд. Беҳрӯз шифо ёфта, чун пештара шуд, хушу ёдаш ба ҷояш, хотирааш барқарор, акнун ҳама гапу кори оламро дар ёд дорад, чизеро фаромӯш намекунад. Профессор Амон Пӯлодов инро бозгашти хотира гуфт. Офарин ба духтурҳо! Ба қарибӣ соли хониш оғоз меёбад ва ҳар ду пагоҳии барвақт аз хоб хеста ҳамроҳ ба мактаб мераванд. Беҳрӯз ҳам мисли вай мактаб, муаллимон ва ҳамсинфонашро сахт пазмон шудагист.

Ҳабиба саросема дасту рӯяшро шуста, ба сӯи хонаи Беҳрӯзино шитобид. Имрӯз аз беморхона ба Беҳрӯз ҷавоб мешавад, ӯро пешвоз гирифтан лозим.

ш. Душанбе, соли 2003

пешина
аз 77
навбатӣ