Зеҳн
Панди бобо (Ғанӣ Ҷӯразода)

Китоб дорои ҳикояҳо ва қиссаҳои тарбиявӣ ва панҷомӯзӣ мебошад, ки ба хонандагон оид ба арзишҳои ахлоқӣ ва ростию накӯкорӣ маслиҳат медиҳанд. Асар аз ҳаёти мардум ва воқеаҳои таърихӣ нақл мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 77 саҳифа

ҚиссаТаърих
Аз аввал хондан

ҲИКОЯҲО

РАХСЕБ

Китоби дирӯз ба хондан сар кардаамро акнун ба даст гирифта будам, ки ба хона Абдулло даромад.
— Китобхонӣ ба дилат назад, Қобил? — гуфт Абдулло.
— Не, — гуфтам, — ин китоби бисёр шавқовар будааст. Шин, ҳамроҳ мехонем.
— Э, мон китобхониатро, — гуфт Абдулло, — ҳозир ба каллаи ман ҳеҷ чиз намедарояд. Тамоми баданам месӯзад. Гард, оббозӣ мекунем.
Ҳаво тафсон буд. Гармсели тафсон ба рӯи одам мезаду нафасро мегардонд. Нурҳои офтоб аз байни шоҳҳои бед гузашта, пӯсти рӯйро сӯзан халидагӣ барин месӯзонд. Суханони Абдуллоро шунида, бадани ман ҳам ба сӯзиш даромад. Шавки китобхониам намонд.
Ману Абдулло ҷӯраҳои ҳамсолем. Аммо ӯ қариб ҳар рӯз барои нӯги сӯзан барин чиз бо ман ҷангӣ мешавад. Агар ман ба ягон фикри Абдулло розӣ нашавам, даррав меранҷаду қаҳр карда, ба хонаашон меравад. Он гоҳ ман зиқ мемонам. Охир, дар маҳалла ман дигар ҷӯраи ҳамсол надорам, то ки ҳамроҳ бозӣ кунам. Барои ҳамин бо ӯ зуд оштӣ мешавам.
Мо ба сӯи наҳри калон равон шудем, ки деҳаи моро ба ду тақсим карда, ба заминҳои пахта ҷорӣ мешуд. Як гурӯҳ бачаҳои маҳаллаи ҳамсоя шӯру мағал бардошта, оббозӣ мекарданд.
Мо ҳам хуб оббозӣ кардем. Баъд рӯи регҳои тафсон дароз кашидем.
Абдулло наҷунбида мехобиду хаёл мекард. «Ҳозир ягон гапи нав мегӯяд», — аз дил гузаронидам ман. Ӯ ҳамин хел одат дорад, албатта, ягон гапи нав мегӯяд.
— Қобил, гушна намондӣ? — пурсид Абдулло паҳлӯ гашта.
— Ту чӣ? — гуфтам ман.
— Ман — гушна.
— Ман ҳам. Хез меравем.

пешина
аз 77
навбатӣ