Панди бобо (Ғанӣ Ҷӯразода)

Китоб дорои ҳикояҳо ва қиссаҳои тарбиявӣ ва панҷомӯзӣ мебошад, ки ба хонандагон оид ба арзишҳои ахлоқӣ ва ростию накӯкорӣ маслиҳат медиҳанд. Асар аз ҳаёти мардум ва воқеаҳои таърихӣ нақл мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 77 саҳифа
Ана, ҳоло бобои Самандар дар харақ нишаста буд, ки бачаҳо боз барои шикоят назди ӯ омаданд:
— Бобо, Нисоро ҷанг кунед, аз мӯям накашад.
— Ту ҳам аз мӯяш сахт кашида, азобаш те, — бо қиёфаи ҷиддӣ гуфт бобо.
Бобоҷон, ба Рустам гап занед, ки ҳақорат накунад.
— Ту ҳам ҳақорат кун, — оромона ҷавоб дод бобо.
— Бобо, Амин мана зад.
— Ту ҳам зан, сахт зан, — гуфт бобо.
Духтари ҳамсоя Шифо, ки аз дигарон калонтар буд, маслиҳати боборо шунида, аввал ҳайрон шуд, баъд табассумкунон пурсид:
— Бобо, шумо ба бачаҳо рост гуфтед ё дурӯғ?
— Ба онҳо доимо рост мегуфтам, — хандид бобо, — аммо фоидае намебахшид. Ин дафъа дурӯғ гуфтам, лекин дурӯғи фоиданок. Бузургон беҳуда нагуфтаанд, ки дурӯғи пандомез — беҳ аз рости фитнаангез. Канӣ онҳо худашон як фикр карда бинанд-чӣ, ман рост гуфтам ё дурӯғ.
Шифо тозон ба назди бачаҳо рафт:
— Бачаҳо, бобо дурӯғ гуфтанд.
— Дурӯғ? — Ҳама ба тааҷҷуб ба Шифо нигаристанд.
— Ҳа, дурӯғ.
— Барои чӣ?
Дар як дам бачаҳо ба гирди Шифо ҷамъ омаданд. Онҳо суханони боборо муҳокима мекарданд.
ТӮҲФАИ ЗЕБО
Ин саҳар Зебо аз хоб дер хест. Модараш ҳам мисли ҳарвақта ӯро бедор накард. Чунки имрӯз истироҳат аст ва Зебо ба боғча намеравад. Модараш дар ошхона ҷунбуҷӯл дорад. Падараш наменамояд. Ҷое рафтагист. Ҳа, шаб гуфта буд, ки барои харид бозор меравад.
Зебо дасту рӯяшро шуста, ноништа кард, баъд чӣ кор карданашро надониста, ба ошхона даромад. Модараш машғули пухту паз буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё