Панди бобо (Ғанӣ Ҷӯразода)

Китоб дорои ҳикояҳо ва қиссаҳои тарбиявӣ ва панҷомӯзӣ мебошад, ки ба хонандагон оид ба арзишҳои ахлоқӣ ва ростию накӯкорӣ маслиҳат медиҳанд. Асар аз ҳаёти мардум ва воқеаҳои таърихӣ нақл мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 77 саҳифа
- Оча, чӣ мепазед? - пурсид Зебо.
Модараш бо табассум ба ӯ нигариста гуфт:
-
Зебояки ман, донояки ман. Наход фаромӯш карда бошӣ?
-
Чиро?
-
О дина гуфта будам ку, бибиат имрӯз рӯзи таваллуд доранд, ҳафтодсола мешаванд. Барои ҷашни зодрӯзашон як торти калони ширин ва хушрӯ пухта мебарем.
-
Ҳа, модараш дина гуфта буд, лекин фаромӯш кардааст. Чӣ хел фаромӯш кардааст — худаш ҳам намедонад. Барои ҳамин каме шарм ҳам кард.
Дере нагузашта падараш аз бозор баргашт. Дар як даст гулҳои ҳаррангаи тару тоза, дар дасти дигар халtai селофанӣ дошт, ки он аз қанду меваҳо пур буд. Модараш халтаро аз дасти падараш гирифта, гулҳоро ба гулдони обдор гузошт:
- Гулро шумо мебаред, тортро ман.
Ана, падару модараш ба бибиҷонаш тӯҳфа мебаранд.
Зебо чӣ?
Вай чӣ барад?
-
Оча, ман ба бибиҷонам чӣ барам? - пурсид ӯ.
-
Ҳеҷ чиз не, ҷони очаш, - гуфт бо навозиш модараш, - ту рафта бибиҷонатро мебӯсӣ, ана ҳамин худаш тӯҳфа мешавад. Калон ки шудӣ, баъд тӯҳфа харида мебарӣ.
Зебо фикр карда монд. Кошкӣ тезтар калон мешуду ба
бибиҷонаш тӯҳфа мебурд. Охир, бибиҷонаш ба як тӯҳфа не,
ба сад тӯҳфаи қиматбаҳо меарзад. Ин гуна бибии меҳрубон
дар ягон гӯшаи дунё нест. Вақте ки Зебо хурдакак буд, ӯро

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё