Панди бобо (Ғанӣ Ҷӯразода)

Китоб дорои ҳикояҳо ва қиссаҳои тарбиявӣ ва панҷомӯзӣ мебошад, ки ба хонандагон оид ба арзишҳои ахлоқӣ ва ростию накӯкорӣ маслиҳат медиҳанд. Асар аз ҳаёти мардум ва воқеаҳои таърихӣ нақл мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 77 саҳифа
Бибиҷонам меояд, Дили ҷонам меояд.
Равам кӯрпача орам,
Болишти пар гузорам.
Чояки гарм биёрам,
Нонаки нарм биёрам.
Бибиҷонаш шинонам,
Хафа шудан намонам.
Бибиҷони хушрӯям,
Бибии қиссагӯям.
Ҳамин ки Зебо шеърро хонда ба итмом расонд, хонаро садои баланди қарсакҳо, таҳсину офарини ҳозирон пур кард.
– Беҳтарин туҳфа барои ман туҳфаи Зебоҷон аст, - гуфт хушҳолона бибӣ.
БА КАСЕ НАГӮЕД
Баъди пешин мисли ҳаррӯза дар саҳни ҳавлӣ шӯру мағали бачаҳо баланд шуд. Як гурӯҳ футболбозӣ, гурӯҳи дигар волейболбозӣ мекарданд. Хурдтаракон ин сӯю он сӯ даву тоз доштанд. Дар байни онҳо фақат Эраҷ набуд. Гирду атрофро аз назар гузаронда, ӯро дар хараки назди даромадгоҳи бино дидам. Худаш танҳо хомӯш менишаст. Дина ҳам ӯро дар ҳамин ҷо дида будам. Аҷабо, ба вай чӣ шуда бошад? Доимо бо бачаҳо даву тозу бозию шодӣ карда мегашт-ку?
Ҳисси кунҷковиам боло гирифту наздаш рафтам ва ба паҳлӯяш нишастам. Эраҷ аз ҷо хеста «ассалом, бобо» гуфту боз нишаст ва дигар ҳарфе назад. Дилаш зиқ, табъаш хира буд.
– Ҷони бобо, Эраҷҷон, чаро ту бозӣ намекунӣ? – ногаҳон аз даҳонам ин сухан баромад. Вай ҷавоб надод. Сарашро ҳам карда, ба хаёл рафт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё