Панди бобо (Ғанӣ Ҷӯразода)

Китоб дорои ҳикояҳо ва қиссаҳои тарбиявӣ ва панҷомӯзӣ мебошад, ки ба хонандагон оид ба арзишҳои ахлоқӣ ва ростию накӯкорӣ маслиҳат медиҳанд. Асар аз ҳаёти мардум ва воқеаҳои таърихӣ нақл мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 77 саҳифа
— Аз афтат маълум, касе туро ранҷондааст, — гуфтам ман.
— Кори фармудаи очаатро иҷро накарда гапи сахт шунидай. Ё ба дарс бетайёрӣ рафта, аз муаллим баҳои «ду» гирифтӣ.
— «Не, бобо, — ба гап даромад Эраҷ, — очаам маро ҷанг намекунад, ҳар кор фармояд, зуд иҷро мекунам. Ба дарс ҳам бетайёрӣ намеравам. Ман Баҳром барин не.
— Чӣ, Баҳром дарсашро тайёр намекунад?
— Не, тайёр намекунад.
Эраҷ баъди хомӯшии тӯлонӣ илова кард:
— Бобоҷон, агар ба касе нагӯед, ба шумо як гап мегӯям.
— Майлаш, гап зан, ба касе намегӯям, — қавл додам ман.
— Баҳром ба дарсҳо бетайёрӣ меравад, вазифаи хонагиро иҷро намекунад, баҳои «ду» мегирад. Якчанд маротиба дафтари вазифаи хонагии маро гирифта рӯйбардор кард. Муаллим ӯро ҷанг кард ва ба ман «дафтаратро нате, худаш кор кунад» гуфт. Баҳром дирӯз боз дафтарамро пурсид, ман надодам.
— Кори дуруст кардӣ, — гуфтам ман, — вазифаи хонагиро бояд худаш тайёр кунад, набошад чизе ёд намегирад.
— Ана баъди ҳамин Баҳром аз ман сахт ранҷид. Ба бачаҳо гуфтааст, ки Эраҷ бачаи бахил, бо вай гап назанед, бозӣ накунед.
— Ин рафтораш тамоман нодуруст. Ман бо ӯ сӯҳбат мекунам, — гуфтам.
— Не, бобо, не, — гуфт Эраҷ, — шумо қавл дода будед, ки ин гапро ба касе намегӯед.
— Дуруст, Эраҷҷон, дуруст. Гапи туро ба касе намегӯям, ба Баҳром ҳам. Фақат бо ӯ сӯҳбат мекунам, то ки ислоҳ шавад. Ин ба худи вай ҳам фоида дорад. Ҷони бобо, Эраҷҷон, ту хона рав, ман бо Баҳром сӯҳбат мекунам.
Эраҷ хона рафт. Ман Баҳромро ҷеғ задам. Вай сару рӯяш арақшор наздам омад. Ба паҳлӯям шинондам.
— Ҷони бобо, Баҳромҷон, аҳволат чӣ хел?
— Хӯб, бобо, — ҷавоб дод Баҳром.
— Хондан чӣ хел?
— Хӯб.
— Офарин, ҷони бобо, офарин. Дирӯз дар роҳ бо роҳбари

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё