Подшоҳ ва духтари оҳангар

Китоб маҷмӯаи афсонаву ривоятҳои халқии тоҷикӣ мебошад. Дар он ҳикояҳо оид ба қаҳрамонон, подшоҳон ва афсонаҳои тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 161 саҳифа
Вазирбача боз ҳафт шабу ҳафт рӯз роҳ гашта, ба дарё расид, аз дарё гузашта, аспашро ба шохи чанор басту ба тарафи дӯкони оҳангар рафт.
— Ассалому алайкум, — гуфта ҳолпурсӣ кард.
— Воалейкум ассалом, писарам, биёед! Хуш омадед! Одамҳои ин ҷо барин наменамоед, аз куҷо омадед ба куҷо меравед?
Вазирбача ҳам ҳамаи воқеаи аз сар гузарондаашро нарезондаю начаконда гуфта доду аз оҳангар илтимос кард, ки ҷои исти Водарегро гӯяд.
Оҳангар гуфт:
— Хуб, агар ҳамаи гапҳои гуфтаи ту рост бошаду худат бо Водарег ошно бошӣ, кор осонтар.
Вазирбача гуфт:
— Ман бо вай шаш моҳ боз шинос, дар як ҷо нишаста, дар як ҷо нону намак хӯрдем, ҳамроҳ ҷанг кардем. Вақти хайру хуш ана ҳамин қаламтарошро ҳам дода буд.
Баъди ин оҳангар чил гулмех тайёр карду онҳоро ба вазирбача доду гуфт:
— Ба суроғи Водарег бисёр ту барин касон омада, нобуд шуданд. Вай як аспи луччак, як бузи луччак ва як тозии луччак дорад, ки онҳо шаб то рӯз ба чор тарафи дунё чашм андохта, посбонӣ мекунанд. Ҳамин ки ягон касро дар наздикии қаср диданд, чиррас мезананд. Водарег бисёр зӯр, ҳамон замон баромада он одамро несту нобуд мекунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё