Подшоҳ ва духтари оҳангар

Китоб маҷмӯаи афсонаву ривоятҳои халқии тоҷикӣ мебошад. Дар он ҳикояҳо оид ба қаҳрамонон, подшоҳон ва афсонаҳои тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 161 саҳифа
— Болотар аз ин хиргоҳи сурх аст, хиргоҳи апаам, — гуфт девкампири сафед, — ҷойи нигинро вай медонад.
— Духтар болотар рафта хиргоҳи сурхро дид. Дар даруни хиргоҳ девкампири сурх мӯй шона карда нишаста буд.
— Ассалому алайкум, — гуфт духтар ба хиргоҳ даромад.
— Ваалайкум ассалом, эй луқмаи ҳалол, эй насибаи имрӯзаи ман! — гуфт дев. Саломат намебуд, як луқмаи хомат мекардам! Духтар шамшерро нишон дод.
— Балояшонро гирам, ин шамшери пирони мададгор аст, аз гуноҳи мани пир гузар.
— Ту ба ман ҷойи нигини падари Маликаподшоҳро гӯй, агар нагӯй, аз пуштат бо ҳамин шамшер як тасма ҷудо карда мегирам!
— Ҷойи нигинро апаамон, — медонад, — гуфт дев, хиргоҳи вай аз ин ҷо болотар аст.
Духтар болотар рафта, як хиргоҳи сиёҳро дид. Дар хиргоҳ девкампири сиёҳ гирду атрофро пурдуд карда, хӯрок мепухт.
Духтар:
— Ассалому алайкум, — гуфта назди дев даромад.
— Ваалайкум ассалом, эй луқмаи ҳалол, — гуфт дев, — ба пойи худ омадӣ, эй насибаи имрӯзаам!
— Ба пойи худ омадам барои гирифтани ҷони ту. Агар нигини падари Маликаподшоҳро ёфта

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё