Зеҳн
Подшоҳ ва духтари оҳангар

Китоб маҷмӯаи афсонаву ривоятҳои халқии тоҷикӣ мебошад. Дар он ҳикояҳо оид ба қаҳрамонон, подшоҳон ва афсонаҳои тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 161 саҳифа

АфсонаҚисса
Аз аввал хондан

Надиҳӣ, бо ҳамин шамшер пӯст меканамат.

Дев шамшерро дида гуфт:

– Кори душворе ба ман фармудӣ, эй соҳиби шамшери пирони мададгор, мо заминро ҳафт чақрим кофта, руст карда будем, ки касе ёфта моро боз ғулом накунад.

– Зудтар ҳаракат кун, ки вақти ман кам мондааст! – фармон дод духтар.

Дев як наъра зад. Аз чор тараф, аз сари кӯҳу кӯтал «чӣ шуд? Чӣ шуд!» – гӯён чил деви сиёҳ тозон омад.

– Писаронам, – гуфт кампир, – ангуштарини падари Маликаподшоҳро кофта гиред!

Чил дев бо панҷаҳояшон заминро кофта, фурсате нагузашта ангуштаринро ёфта омаданд. Девкампири сиёҳ гирифта, ба дасти духтар дода гуфт:

– Мо ҳам озод будем, ғулом шудем. Чӣ фармони дигар дорӣ?

– Маро пеши Маликаподшоҳ бар!

Девкампири сиёҳ духтарро бардошта, дар як он пеши Маликаподшоҳ оварда монд. Духтар ангуштаринро бароварда, ба Малика дод.

Маликаподшоҳ тӯйи калоне дода, гушнаҳоро сер карда, лучҳоро пӯшонида, духтари оҳангарро ба шавҳарӣ қабул кард.

– Акнун ба ман молу мулкатро нишон деҳ! – гуфт духтар.

Малика бурда нишон дод. Як ҷой рафтанд, ки

пешина
аз 161
навбатӣ