Зеҳн
Подшоҳ ва духтари оҳангар

Китоб маҷмӯаи афсонаву ривоятҳои халқии тоҷикӣ мебошад. Дар он ҳикояҳо оид ба қаҳрамонон, подшоҳон ва афсонаҳои тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 161 саҳифа

ҚиссаАфсона
Аз аввал хондан

— Эй одами нек, ана ҳамин оҳани ҷуфтро ман аз бозор харидам, оҳангар аз пӯлод гуфта фурӯхт, ман мегӯям, ки аз пӯлод не, аз оҳан. Ту ба ин чӣ мегӯӣ? — пурсид деҳқон аз савора.

— Эй нокас! — гуфт оташин шуда савора. — Чаро ту гапҳои аҳмақона зада, маро аз роҳам мемононӣ? Вай қамчин зада, аспашро пеш ронд.

Савора рафту деҳқон фикр кард: «вай дар воқеъ кӯзаҷаро дидааст, баръакси ҳол ин қадар оташин намешуд». Сари ин фикр деҳқон сахт ба таҳлука афтод:

— Уй, ӯй! Эй марди нек, баргард! Савганд мехӯрам, ки ин дафъа рости гапро мегӯям!

Савора инро шуниду баргашт:

— Канӣ бигӯ, чӣ будааст он гапи росте, ки ту ба ман гуфтан мехоҳӣ?

«Ин мард мепурсад, он «гапи рост чӣ будааст» пас, аз тило хабар надорад, — фикр кард деҳқон ва боз луппӣ карда, як гапи намешудагиро гуфт:

— Аз ҳамин замин рӯзи ман намегузарад. Мехоҳам фурӯшаму мардикорӣ карда, рӯз гузаронам. Ту чӣ маслиҳат медиҳӣ?

— Мебинам, ки ту аҳмақтарини аҳмақонӣ! — ғазаб кард савора. — Ман ҳам аҳмақам, ки ба саволҳои аблаҳонаи ту гӯш дода, аз роҳам мондам. Агар ту маро нигаҳ намедоштӣ, кайҳо рафта ба дарбори подшоҳ мерасидам.

Савора асп давонду рафт. Эй вой бар ҳоли

пешина
аз 161
навбатӣ