Зеҳн
Подшоҳ ва духтари оҳангар

Китоб маҷмӯаи афсонаву ривоятҳои халқии тоҷикӣ мебошад. Дар он ҳикояҳо оид ба қаҳрамонон, подшоҳон ва афсонаҳои тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 161 саҳифа

ҚиссаАфсона
Аз аввал хондан

Ман! - гуфт деҳқон. Ба вай нисфи тилоро медодам, беҳтар буд. Вай асп тозонда ба дарбор рафт, то ки хабари кӯзачаи тилоро ҳарчӣ зудтар ба подшоҳ расонад. Эй, Худо, корам раво шуд!

Деҳқон ҳамин хел фикр карду ҷуфтро монда, халтаеро, ки ба дарунаш кӯзачаи тилоро андохта буд, шитобон ба хонааш оварда, аз назди дарвоза фарёд кард:

  • Эй зан, шодӣ кун, кӯзаи тилоро ёфтам.

Занаш хурсанд шуда, тозон омада, халтаро гирифт.

  • Исто зан, дилам хиҷил, - гуфт деҳқон, - медонӣ чӣ шуд? Вақте кӯзачаро ба халта меандохтам, як аспсавор гузашт. Ба гумонам кӯзаро дид. Вай ба дарбори подшоҳ рафт, хабари кӯзачаро албатта, ба подшоҳ мерасонад. Беҳтараш худам ба подшоҳ бурда диҳаму ҷонамро халос кунам.

Деҳқон кӯзачаро ба занаш доду аз паси говҳояш рафт. Хост говонашро оварда, монда баъд пеши подшоҳ равад. Ин замон занаш кӯзачаро аз халта гирифта, дароварда таги ҳафт қабат кӯрпа руст карду баъд ин тараф, он тарафро кофта, як санги ба кӯзача монандро ёфта, ба халта андохта монд.

Деҳқон говҳояшро оварда, ба оғил дароварда, баста монду халтаро бардошта, ба дарбори подшоҳ рафт.

Ба назди дарвозаи қасри подшоҳ омада, аз по-

пешина
аз 161
навбатӣ