Подшоҳ ва духтари оҳангар

Китоб маҷмӯаи афсонаву ривоятҳои халқии тоҷикӣ мебошад. Дар он ҳикояҳо оид ба қаҳрамонон, подшоҳон ва афсонаҳои тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 161 саҳифа
дод.
Девонаҳусайни аҳволи тамоми хешу таборашро пурсида донист, ки ҳама тинҷу саломатанд, хотирҷамъ шуд.
– Ана инро бихӯр! – гуфт.
– Эй акаҷон, – гуфт Ҳусайни, – савғотам овардӣ, гӯшти бирён овардай, магар гӯсфанд куштӣ?
– Як баррача харида будам, – ҷавоб дод акааш, – кушта худой кардам ту ба ёдам омадию аз гулӯям нагузашт, ҳаминаш насибат будааст, овардамат.
Девонаҳусайни як пора гӯшт гирифт. Гӯшт талх буд.
– Эй, – гуфт ӯ гӯштпораи талхро аз даҳонаш бароварда, – талх аст, хӯрда намешавад.
– Мабодо дастат талх набошад, – гуфт акааш, – бо нӯги кордча бигир! Девонаҳусайни бо нӯги кордча гирифту гуфт:
– Эй ака, боз ҳам талх аст! Собир ба чашмони ӯ нигоҳ карда:
– Эй девона, ин савғот аз тӯи арӯсшавандаи туст, магар талх намешавад?! – гуфту як байт хонд:
Гунҷишкаки чир-чирӣ, чир-чир то миён,
«Ҳадя» ту бидеҳ, ки занта бурданд дигарон.
Бурданд дигарон, гирифта бурданд дигарон,
Рӯмолча бигир, гиря бикун мисли занон!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё