Зеҳн
Подшоҳ ва духтари оҳангар

Китоб маҷмӯаи афсонаву ривоятҳои халқии тоҷикӣ мебошад. Дар он ҳикояҳо оид ба қаҳрамонон, подшоҳон ва афсонаҳои тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 161 саҳифа

АфсонаҚисса
Аз аввал хондан
  • Оҳ! — гуфт Ҳусайнӣ, — Давлатхотунро ба шавҳар доданд?
  • Ҳа, — гуфт акааш, — ба шавҳар доданд, ба писари қозӣ доданд.

Девонаҳусайнӣ ин гапро шунида, парида аз ҷояш хесту гуфт:

  • Ака, говҳои ҳуҷаинро бурда медиҳаму мегардам.

Вай юғу сипорро ба говҳо бор карда, ба хонаи ҳуҷаинаш равон шуд. Ба таги дарвозаи ҳуҷаинаш расида як байт гуфт:

Сад вою дареғ мусофиру хор шудам,
Побаста ба мардумони серкор шудам.
Эй кош, равам бори дигар бар ватанам!
Пазмони рафиқони вафодор шудам.

Хуҷаин нашунид. Девона боз як байт гуфт:

Ин беди баланд баргакош зард шудаст,
Поям ба вилояти дигар банд шудаст.
Побанд шудаст, рангу рухам зард шудаст,
Рухсатам бидеҳ, ки дилакам сард шудаст.

Бой овози девонаро шунида, аз хонааш баромад. Дид, ки Девонаҳусайнӣ ҷуфтро партофта омадааст.

  • Эй, Девона, барои чӣ омадӣ, чаро говҳоро
    овардӣ? — пурсид ӯ бо тааҷҷуб ба рӯи Ҳусайнӣ
пешина
аз 161
навбатӣ