Зеҳн
Подшоҳ ва духтари оҳангар

Китоб маҷмӯаи афсонаву ривоятҳои халқии тоҷикӣ мебошад. Дар он ҳикояҳо оид ба қаҳрамонон, подшоҳон ва афсонаҳои тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 161 саҳифа

ҚиссаАфсона
Аз аввал хондан

Афтод, гандум рехт. Давлатхотун баромада рафт. Девона аз паси ӯ як байт гуфт:

Ҷонона маро ишорати миҷгон кард,
Дегакша бимонду гандуме бирён кард.
Дегаш бифитоду гандумаш пок бирехт,
Ёре, ки ба чанг омада буд, боз гурехт.

Инро шунида, боз дили духтар ба Ҳусайнӣ сӯхту гашта пеши ӯ омад. Баъд гандуми дигар гирифта, бирён карда, ба табақча гирифта, ба пеши холабачааш гузошт. Ҳусайнӣ хӯрд, сер шуд. Сонӣ фикр кард, ки дар ин ҷо аз ин зиёд истодани ӯ мумкин нест, агар қозӣ фаҳмида монад, тӯҳмат мекунад. Бо ҳамин фикр гап назада, баромада рафт. Ин кори Ҳусайнӣ ба дили Давлатхотун сахт расид. Вай ҳарчанд:

– Эй писари хола куҷо меравӣ? – гуфт, ки Девона наистод. Давлатхотун хафа шуда як байт гуфт:

Оӣ, ғам нест, агар наоӣ, ғам нест,
Гунҷишки парандаям, дарахтам кам нест,
Ҳар шохи гуле бар сари ман соя кунад,
Сар бошаду дил бошад, дилбар кам нест.

пешина
аз 161
навбатӣ