Зеҳн
Подшоҳ ва духтари оҳангар

Китоб маҷмӯаи афсонаву ривоятҳои халқии тоҷикӣ мебошад. Дар он ҳикояҳо оид ба қаҳрамонон, подшоҳон ва афсонаҳои тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 161 саҳифа

АфсонаҚисса
Аз аввал хондан

Девонаҳусайни фаҳмид, ки Давлатхотун ранҷид, ба боғ даромада, дар лабаки ҷӯй нишаста дасту рӯй шуст. Давлатхотун ҳам ба боғ даромада, гул чинд. Девона ба ӯ рӯ оварда як байт гуфт:

Он ёри кӯ ҳаст, миёни гулзоранда?
Гул мечинаду кардаст моро банда.

Давлатхотун назди чойлоб рафта, аз ҳамон ҷо як байт хонд:

Ёри ҳар касе бошад, чӣ коре дорӣ?
Ту ёри дигар дорӣ, ғамхоре дорӣ!

Девона ба худ гуфт, ки «дар ҳақиқат ӯро сахт ранҷонидаам, як байти дигар гӯям, шояд дилаш хурсанд шавад». Баъд як байт хонд:

Чойлоби баланд дорӣ, пешаш боғ аст, Рухсори сафед дорӣ, ҷонам доғ аст.

Давлатхотун ба ӯ нигоҳ карда як байт гуфт:

Дар лабаки ҷӯ шишта таҳорат мекунӣ,
Бо гӯшаи чашм маро ишорат мекунӣ.
Ишорат кунӣ, дили маро пора кунӣ,
Бархезу бирав, худакта овора кунӣ!

пешина
аз 161
навбатӣ