Подшоҳ ва духтари оҳангар

Китоб маҷмӯаи афсонаву ривоятҳои халқии тоҷикӣ мебошад. Дар он ҳикояҳо оид ба қаҳрамонон, подшоҳон ва афсонаҳои тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 161 саҳифа
Ҳусайнӣ наистод. Давлатхотун гуфт:
Гар моҳ шавӣ, назар ба рӯят накунам!
Гар об шавӣ, кӯза ба ҷӯят накунам!
Гар дастаи гул шавию афтӣ ба замин,
Билло ба Худо, гирифта бӯят накунам!
Девонаҳусайнӣ аз кардааш пушаймон шуда, аз ҷояш хесту гуфт:
Эй дилбари ҷон, бе ту ҷаҳонро чӣ кунам?
Бе ту гули сурхи аргувонро чӣ кунам?
Бе ту гули сурхи аргувон бисёр аст,
Дил майли ту дорад, дигаронро чӣ кунам?
Давлатхотун инро шуниду, аз қаҳр фаромада гуфт:
Ман ёри туам, намешавам ёри касе, Дар доми туам, намешавам роми касе.
Девона хурсанд шуда, ба назди Давлатхотун омаду як байт гуфт:
Нигори нозанини аҳли дардам,
Сарамро гар буранд, аз ту нагардам!
Сарамро гар буранд бо ханҷари тез,
Ба хун ҷавлон зада, гирди ту гардам!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё