Подшоҳ ва духтари оҳангар

Китоб маҷмӯаи афсонаву ривоятҳои халқии тоҷикӣ мебошад. Дар он ҳикояҳо оид ба қаҳрамонон, подшоҳон ва афсонаҳои тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 161 саҳифа
Девона хесту ӯро аз дасташ гирифта пеши домод бурд. Давлатхотун дид, ки як кали баднамудест, ки даст ба сараш занӣ, ангуштонат ғӯтида мераванд.
— Зуд маро аз ин ҷо бар, ки дигар тоқатам намонд! — гуфт Давлатхотун.
Ҳардуяшон баромада рафтанд. Девона Давлатхотунро бурда, дар як канори саҳро пинҳон карду худаш омада раги пойҳои аспони қозиро якяк бурид. Баъд ҳар ду рафтан гирифтанд.
Қозӣ бошад, саҳарӣ аз хоб бедор шуда, дид, ки арӯс нест. Ҳамаро бедор кард, чор тарафро кофтонид, аммо пай буду ҳайдар набуд. Ба пеши домод омад, ки дар сараш хамири кунҷора молидагӣ, сабӯс пошидагӣ, як кали бадрӯ шудааст. Меҳмонон ҳоли ӯро дида, рӯдакаф хандиданд.
Баъд қозию одамони ӯ фикр карда, дарёфтанд, ки ин кори Девонахусайнӣ аст. Қозӣ фармон дод, ки аз қафояш асп ронанд. Ба саисхона рафта диданд, ки ҳамаи аспҳоро аз раги пой ҳарпай задаанд. Чанд вақт кофтуков карда, аспҳои дигар ёфта, аз паси Девона равон шуданд.
Девона бошад, бо ҳамроҳии Давлатхотун аз
шаҳру саҳро, кӯҳу биёбон, деҳу дарё гузашта, ба
як кӯҳ расид. Дар ҳамон ҷо ҳар ду дам гирифтанд. Баъд хоби Девона бурда монд. Давлатхотун
ҳам дар паҳлӯи ӯ хоб кард. Баъди чанд вақт Дав-

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё