Зеҳн
Подшоҳ ва духтари оҳангар

Китоб маҷмӯаи афсонаву ривоятҳои халқии тоҷикӣ мебошад. Дар он ҳикояҳо оид ба қаҳрамонон, подшоҳон ва афсонаҳои тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 161 саҳифа

АфсонаҚисса
Аз аввал хондан

Давлатхотун бедор шуда гуфт:
– Писари хола, бархез, зуд аз ин ҷо равем, ки мабодо расида омада, моро дастгир накунанд.
Девона паҳлӯ гашту нахест. Духтар ҳарчанд кард, ӯ сар набардошт. Давлатхотун дар қаҳр шуда, хеста, ба кӯҳ баромада, рафтан гирифт, хеле боло баромада нигоҳ кард, ки Девона ҳанӯз хоб аст. Вай гиря карду модарашро ба ёд оварда як байт гуфт:

Болои сарам ағбаи барф аст, модар,
Дар синаякам кулфату дард аст, модар.
Бар ман чӣ шуд, ки ёри Девона шудам,
Дар кӯҳи баланд дилакам сард аст, модар.

Ҳусайнӣ «Оҳ, духтари хола аз мо ранҷидааст!» – гуфта саросема хеста тохт ва Давлатхотун расида гирифту як байт гуфт:

Эй куртасафед, куртаат гард шудааст, Аз мо чӣ дидӣ, ки дилакам сард шудааст?

Давлатхотун гуфт:

Дилсардии мо баҳри номардии туст, Ғамгинии мо баҳри бедардии туст.

Ҳусайнӣ аз дасти духтар гирифта, ба болои кӯҳ

пешина
аз 161
навбатӣ