Зеҳн
Подшоҳ ва духтари оҳангар

Китоб маҷмӯаи афсонаву ривоятҳои халқии тоҷикӣ мебошад. Дар он ҳикояҳо оид ба қаҳрамонон, подшоҳон ва афсонаҳои тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 161 саҳифа

ҚиссаАфсона
Аз аввал хондан

баромад. Диданд, ки як гурӯҳ одамони қозӣ асп давонда омада истодаанд.

— Писари хола, — гуфт Давлатхотун, — биё зуд пинҳон шавем, ки моро дастгир мекунанд!

Девонаҳусайнӣ гуфт:
Боло, ки равам, гулгулаи ҷанг ояд,
Шербача манам, гурехтанам нанг ояд,
Шербача манам, ки ҷанг кунам то вақте,
Хуни ҷигарам зи ҳар сари санг ояд.

Девона як шохи дарахтро шикасту покиза кард, як калтаки калон шуд. Вай калтакро гирифта ба қафои санг гузашт.

Дере нагузашта, одамони қозӣ расиданд. Девона якбора баромада ҳамла кард, хеле ҷангид, чанд кас маҷрӯҳу маиб шуд, аммо фиристодагони қозӣ бисёр буданд. Девонаро дастгир карда бастанд.

Давлатхотун доду фарёд бардошта, ба одамони қозӣ дарафтод. Фиристодагони қозӣ дасту пои ӯро маҳкам бастанду баъд ҳардуро пеш-пеш андохта баргаштанд.

Рафта истода буданд, ки аз пешашон як шаҳр баромад. Вақте ки аз даруни шаҳр мегузаштанд, Девона бо овози баланд як байт гуфт:

Дар шаҳр чӣ гулгул аст? Ёр оварданд,
Ёри сараро бар таҳи дор оварданд.

пешина
аз 161
навбатӣ