Зеҳн
Подшоҳ ва духтари оҳангар

Китоб маҷмӯаи афсонаву ривоятҳои халқии тоҷикӣ мебошад. Дар он ҳикояҳо оид ба қаҳрамонон, подшоҳон ва афсонаҳои тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 161 саҳифа

АфсонаҚисса
Аз аввал хондан

Чанд соат аланга дода, чунон пухтем, ки гӯшташон аз устухон ҷудо шуду гармӣ ба баданашон нагузашт. Моҳиҳоро бо иштиҳои тамом хӯрда, барзагов барин фарбеҳ шуда, аз дар баромада натавониста, аз токҷа — аз тиреза баромадем. Ҳар се ба роҳ баромадему рафтему рафтем, ба таги як беди калон расидем. Бед на шох дошту на барг. Замин ях буду ҳаво гарм. Мо дар сояи бед камтар истироҳат кардем, аз куҷое як харгӯш пайдо шуд, мо аз беди калон се чӯбдаст бурида, харгӯшро зада куштем. Шаш ман гӯшт карду шаш ман равған.

Додарамон шаш ман гӯштро дар як дам хӯрда, тамом кард. Равғанро ман соҳиб шудам. Акаю додаранам аз пеши ман қаҳр карда рафтанд. Ман равғанро ба ҷоруқҳоям солидам, фақат ба як пои ҷоруқ расиду пои дигар беравған монд. Ман бошам, баргашта хоб кардам. Вақте бедор шудам, ки ҷоруқҳо ҳамдигарро зада истодаанд, инаш ба сари ваяш мушт мезанад, ваяш ба сари инаш, аз сарашон чарс-чарс олов мепарад.

Ман онҳоро аз ҳамдигар ҷудо карда, дубора хоб кардам. Вақте ки аз хоб хестам, ҷоруқи равғанхӯрда ба таги сараш болишт монда, хобида буду ҷоруқи беравған қаҳр карда, рафтааст. Ман ҷоруқи равғанкардаро пӯшида ба хона ома-

пешина
аз 161
навбатӣ