Зеҳн
Подшоҳ ва духтари оҳангар

Китоб маҷмӯаи афсонаву ривоятҳои халқии тоҷикӣ мебошад. Дар он ҳикояҳо оид ба қаҳрамонон, подшоҳон ва афсонаҳои тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 161 саҳифа

ҚиссаАфсона
Аз аввал хондан

дам, ки хурӯсамон бо модарам ҷангу ҷанҷол карда, тамоми даҳ ҳазор дарахти рӯи ҳавличаамонро арра карда, дар борои бом каппа карда, баромада рафтааст. Омадам, ки ба шумо арз кунам, дарбонҳотон намонданд, маҷбур шудам, ки бо оби дидаи ҳазорқатор гашта равам, он қадар оби дида рехтам, ки замину замонро об зер карду баҳри Ҳазар пайдо шуд...

Мири Сарвода сухани калро бурида, ба вай гуфт:

— Ту аввал ба мо номаи мири Қаратоғро бидеҳ, то бидонем чӣ гап навишта фиристодааст он ҳамсояи мо.

Кал гуфт:

— Нома дар даруни сари мо! — гуфту нақли саргузашти аҷибу ғариби худро давом дод:

— Мани хушбахти бесаодат аз дарбори олӣ баргашта, ба кофтукови чоруку хурӯс баромадам. Як ҳамсояи мо хабар дод, ки хурӯси мо ба як тӯкумдӯз шогирд истода хостааст, ки барои хари модарам як тӯкум дӯхта диҳад. Бо ҳамин мақсад аз хонаи мо ғайб задааст.

Ман дубора ба хона рафтам, ки модарам аз пашми моҳӣ ресмон мересад. Ҳикояти ғайб задани хурӯсро аз модарам пурсида, миёнамро бо ресмони пашми моҳӣ аз ҳафт ҷояш баста, аз шо-

пешина
аз 161
навбатӣ