Зеҳн
Подшоҳ ва духтари оҳангар

Китоб маҷмӯаи афсонаву ривоятҳои халқии тоҷикӣ мебошад. Дар он ҳикояҳо оид ба қаҳрамонон, подшоҳон ва афсонаҳои тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 161 саҳифа

АфсонаҚисса
Аз аввал хондан

Хи лӯбиё як асои дароз бурида, баъд ба роҳ баромадам.

Шаҳр ба шаҳру саҳро ба саҳро гашта, он хурӯси ваъдахилофро кофтуков кардам. Қаршию Дарвоз, Ҳисору Бухоро - ҳама ҷоро дида баромадам. Оқибат ба диёри Санггирак расида, хурӯсро дар хонаи Соҳиббой ёфтам, ки барои хари ин бойи гарданкаш тӯкум медӯхт. Ҳарчанд илтимос кардам, Соҳиббой хурӯсро ҷавоб надод, ҳарчанд давутоз кардам, додам ба ҷое нарасид. Як рӯз худи хурӯс як чуволдӯз оварда, ба ман доду гуфт, ки баъди чанд рӯз як тӯкум дӯхта ба хона мебарад. Хурсанд шуда ба хона баргаштам. Солу моҳҳо мегузашту ҳафта охир мешуд. Ҳамин қадар роҳ гаштам, ки таги чоруқҳоям ғирбол шуду нӯги асоям сӯзан.

Бо ҳазор машаққат ниҳоят ба хона расидам, ки модарам ҳам набуд. Ҳайрону ҳаросон шуда, ба кофтукови модарам баромадам. Дашту саҳроҳоро тай кардаму дараки модарамро дар ҳеҷ ҷо наёфтам. Ба кӯҳҳои Саратоғу Қаратоғ баромада, назар кардам, дар ҳеҷ ҷо надидам. Бо фикру андешаҳои бисёре ба лаби дарёи Қаратоғ фуромада, чуволдӯзро ба замин халонда, ба болои чуволдӯз баромада, назар кардам, ки модарам дар лаби дарёи Чирчиқ ҷомашӯй карда ис-

пешина
аз 161
навбатӣ