Қиссаҳои ноб дар ҳар боб

Китоб аз ҳикояҳо ва қиссаҳои гуногун иборат буда, барои хонандагон таҳия шудааст. Дар он ҷанбаҳои ахлоқӣ ва тарбиявӣ тавассути образи ҳайвоноту парандагон баён мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 125 саҳифа
Соли дигар Искандар боз ба шикор мебарояд ва ҳангоми бозгашт боз дар ҳамон ҷои порсола дам мегирад. Вай боз ба хонаи ҳамон кампир рафта хоҳиш мекунад:
— Модар, ба мо се коса оби анор диҳед.
Кампир ин дафъа барои гирифтани оби анор хеле вақт сарф мекунад ва ҳарчанд кӯшиш менамояд, се косаро бо оби бист дона анор ҳам пур карда наметавонад. Вай косаҳои нимпурро ба Искандар бароварда медиҳаду хиҷолатмандона мегӯяд:
— Мебахшед, косаҳо нима ҳастанд. Аз бист дона анор фақат ҳамин қадар об гирифтам.
Искандар бо тааҷҷуб аз кампир мепурсад:
— Соли гузашта косаҳоро аз оби анор лабрез карда, зуд ба мо бароварда дода будед, имсол бошад ҳам оби анорро кам додеду ҳам таҳияи онро ба таъхир андохтед. Гӯед, ки сабаб чӣ бошад?
— Порсол, — мегӯяд дар ҷавоб кампир, — аз се дона анор се косаи пур об гирифта будам, аммо имсол аз оби бист дона анор ҳам се коса пур нашуд. Мебинам, ки имсол подшоҳи мамлакатамон аз адолат каме дур рафт, бинобар ин аз меваҳо ҳам хайру баракат парид.
Ин гап ба Искандар хеле таъсир мекунад. Вай ба боргоҳи подшоҳӣ омада, ба идораи молия фармон медиҳад, ки ба ҳар як гектар замини анорзор ним танга андоз муқаррар намоянд.
Соли сеюм Искандар боз ба шикор меравад. Ҳангоми бозгашт боз дар ҷои порсола дам мегирад ва барои рафъи ташнагии худ боз ба хонаи ҳамон кампир рафта, оби анор мепурсад. Кампир ин дафъа боз оби се дона анорро мегирад, ки се косаи пур мешавад ва ин корро хеле ба зудӣ ба анҷом мерасонаду косаҳои аз оби анор лабрезро ба Искандар дода, мегӯяд:
— Марҳамат, хӯред, нӯши ҷонатон шавад.
Искандар оби анорро дам кашида, аз кампир мепурсад:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё