Зеҳн
Қиссаҳои ноб дар ҳар боб

Китоб аз ҳикояҳо ва қиссаҳои гуногун иборат буда, барои хонандагон таҳия шудааст. Дар он ҷанбаҳои ахлоқӣ ва тарбиявӣ тавассути образи ҳайвоноту парандагон баён мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 125 саҳифа

ҲайвонотҚисса
Аз аввал хондан

Дар, — чӯпонҳоро озод кунед, ман сирри қамишзорро ба шумо мегӯям.

Вай воқеаи рухдодаро як-як ба Искандар гуфта додаасту:
— Чӯпонҳо ҳеҷ гуноҳ надоранд, ин айби ман, чӯпонҳоро озод кунед! — гӯён илтимос кардааст.

Искандар ҳеҷ чиз нагуфта, ҳамаи чӯпононро аз зиндон озод кардааст. Ҳамин тавр бо тадбири кампири доно бисёр одамони бегуноҳ аз мурдан халос шуданд у овозаи шохдор будани Искандар ба ҳафт иқлим паҳн шудааст.

Искандар ва кампири доно

Рӯзе Искандар бо ду нафар навкараш ба шикор меравад. Он рӯз шикораш бобарор мегузарад. Ҳангоми бозгашт вай дар наздикии як деҳаи анорзор омада, дам мегирад. Чун Искандар дар тӯли роҳ бисёр ташна шуда буд, мехоҳад, ки ташнагиашро бо оби анор бишиканад. Ӯ бо ҳамин андеша ба хонаи як кампир рафта ва подшоҳ будани худро маълум накарда, ба соҳиби хона мегӯяд:

— Модар, шумо анор доштаед, ба мо се коса оби анор бидиҳед, бисёр ташна шудем, мо раҳгузарем, оби анори шуморо мехӯрему боз ба роҳ медароем.

Кампир фавран аз се дона анори шириндона се косаро пур карда, ба Искандар оварда медиҳад. Искандар оби анорро дам накашад ва мебинад, ки он бисёр бомазза аст, баъд аз кампир мепурсад:

— Модар, бигӯед, ки аз ҳар гектар замини анорзор ба давлат чӣ қадар андоз месупоред?

— Як танга, — ҷавоб медиҳад кампир.

Искандар бо кампир хайрухуш карда, ба роҳ медарояд. Вай пас аз як рӯзи ба манзил расиданаш ба идораи молия супориш медиҳад, ки ба ҳар гектар замини анорзор даҳ танга андоз муайян кунанд...

пешина
аз 125
навбатӣ