Қиссаҳои ноб дар ҳар боб

Китоб аз ҳикояҳо ва қиссаҳои гуногун иборат буда, барои хонандагон таҳия шудааст. Дар он ҷанбаҳои ахлоқӣ ва тарбиявӣ тавассути образи ҳайвоноту парандагон баён мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 125 саҳифа
— Барои чӣ имсол боз ҳам косаҳо аз оби анор лабрезанду ҳам таҳияи ин обро шумо дар муддати чанд дақиқа ба анҷом расонидед?
Кампир мегӯяд:
— Подшоҳи мамлакатамон боз ба адолат рӯ овард, раҳму шафқату саховаташро ба одамон зиёдтар кард, ба шарофати ҳамин аст, ки ба меваҳо ҳам хайру барака боз баргашт.
Искандар ин суханонро мешунаваду бо хотири болида аспашро ба тарафи боргоҳи подшоҳӣ пеш меронад.
Искандар ва оби ҳаёт
Искандар дар вақти ҷаҳонгардияш ба ҷое расид, ки тамоман торикистон, сип-сиёҳ — на шаб буданаш маълум буду на рӯз будаанаш. Одати Искандар ҳамин буд, ки ба ҳар ҷое расад, мепурсид, ки дар ин ҷо одамони донишманду ҳаким ҳастанд ё не. Агар бошанд, ба дарбораш оварда, бо нишондоди ҳамонҳо кор мекард.
Яке аз ҳакимони ҳамон ҷо хабар дод, ки дар мамлакати онҳо чашмаи «Оби ҳаёт» ҳаст.
Оби ҳаёт дар таги замин буд. Искандар аз ҳакимон пурсид, ки чӣ навъ ба он ҷо даромадан мумкин аст. Ҳакимон гуфтанд, ки яктогӣ байтал ёфта, тойҷаи вайро дар берун монда, худашон ба байтал савор шуда дароянд, чунки байтал дар вақти бозгашт овози тойҷаро шунавида, роҳро гум накарда мебарояд. Баъд ҳакимон фаҳмонданд: он ҷо якчанд чашма мавҷуд аст, яктогӣ моҳии мурдаро ба даст гирифта, ба чашмаҳо партоянд, дар чашмае, ки моҳӣ зинда шавад, оби ҳамон чашма оби ҳаёт мебошад.
Хайр, бо ҳамин маслиҳат ҳама яктогӣ байтал ёфта, савор шуданду тойҷаҳоро дар назди даромадгоҳи ғор бастанд. Ба ғор даромаданду ҳама ба чор тараф пароканда шуданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё