Қиссаҳои ноб дар ҳар боб

Китоб аз ҳикояҳо ва қиссаҳои гуногун иборат буда, барои хонандагон таҳия шудааст. Дар он ҷанбаҳои ахлоқӣ ва тарбиявӣ тавассути образи ҳайвоноту парандагон баён мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 125 саҳифа
Искандар гашта-гашта ба ҷое расиду се чашмаро дид, моҳиҳоро як-як партофта дид, ки яке дар чашмаи мобайни зинда шуд. Фаҳмид, ки чашмаи Оби ҳаёт ҳамин аст. Барои як рӯз оби заруриро гирифта, ба тарафи овози тойча рафтан гирифт. Аз таги пой сангу сангрезаҳои бисёр овоз медоданд, ки «гирифта ҳам дар ормон, нагирифта ҳам дар армон». Одамони Искандар чашмаро аз ёд бароварда, як каф-як каф аз ҳамон сангҳо гирифтанд, баъзеҳо гашта-гашта, чашмаи Оби ҳаётро наёфта баргаштанд. Ба берун баромада диданд, ки ҳамаи сангҳои гирифтаашон дурру гавҳар аст. Гирифтаҳо дар армон буданд, ки чаро бисёртар нагирифтанд, нагирифтаҳо ҳам дар армон буданд, ки чаро аз он сангҳо нагирифтанд.
Искандар از рӯи маслиҳати ҳакимон кор кардани шуда, кӯзаи Оби ҳаётро ба шохи дарахти арча овехту дар фикри шустушӯ шуд. Оби ҳаётро аввал шустушӯ карда, баъд хӯрдан лозим буд. Як зоғи сиёҳ ба шохи дарахт шишту об мехӯрам гуфта, кӯзаро афтонд, обаш ба таги дарахти арча рехт, аз ҳамон оби рехта зоғ ҳам хӯрд. Ба Искандар Оби ҳаёт насиб накарда будааст, хӯрда натавонист. Баъди ин дарахти арча ҳамешасабз шуду зоғи сиёҳ дарозумр.
Темур ва Бибихонум
Амир Темур ба Эрон ҳуҷум карда, ин мамлакатро мегирад, лекин халқи ин ҷой ба зудӣ сар намефарорад. Пиру ҷавонро аз як сар мекушад, боз намешавад. Баъд Амир Темур худ ба худ мегӯяд, ки «ку як бор бо Бибихонум маслиҳат кунам». Як мактуб менависаду бо қосиде ба занаш Бибихонум мефиристад. Қосид дар роҳ фикр мекунад, ки «Чанд вақт боз Амир Темур Бибихонумро надидааст, шояд чӣ қадар вайро пазмон шуда, дар ҳаққаш байту ғазали зиёде навиштааст». Ҳамин хел фикр мекунаду мактубро кушода мехонад, ки дар он фақат дар бораи ҷанг сухан рафтааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё