Қиссаҳои ноб дар ҳар боб

Китоб аз ҳикояҳо ва қиссаҳои гуногун иборат буда, барои хонандагон таҳия шудааст. Дар он ҷанбаҳои ахлоқӣ ва тарбиявӣ тавассути образи ҳайвоноту парандагон баён мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 125 саҳифа
Хайр, мактубро ба Бибихонум бурда месупорад. Бибихонум мебинад, ки мактуб кушода, хаёл кардааст, ки боз мактуб нависам, ин қосид хонда, аз сирри мо хабардор мешавад, ягон ҳилларо ба кор бурдан даркор аст.
Баъд ба одамонаш мефармояд, ки як ҷангалакзор ёбанд. Вақте ки ҷангалакзорро меёбанд, вай қосидро ҳамроҳ гирифта мебараду ба одамонаш фармон медиҳад:
— Ҳама дарахтҳоро бурида, решакан карда, ба ҷояш ниҳолҳои нав оварда шинонед.
Фармонаш иҷро мешавад, баъд ба қосид мегӯяд:
— Ба шумо ҷавоб.
— Чӣ хел, ҷавоби мактубро наменависед?
— Не, ҳамаи воқеаи дидаатонро рафта ба Амир Темур нақл кунед, мешавад.
Қосид ба пеши Амир Темур меравад. Амир Темур ҷавоби мактубро мепурсад, қосид ба ҷои мактуб воқеаи дидаашро нақл мекунад. Амир Темур мефаҳмад, ки Бибихонум ба вай чӣ гуфтааст: подшоҳро кушта бошад ҳам, саркардаҳои содиқи ӯро нест накардааст, шумо бояд онҳоро кушта, ба ҷояшон аз ҷавонҳо таъйин кунед, ҳама ба шумо сар мефароранд.
Амир Темур аз воқеа бохабар шуда, аз рӯи маслиҳати Бибихонум кор мекунад ва Эронро ба худаш тобеъ мекунад.
Мадрасаи Бибихонум
Як рӯз Амир Темур аз Самарқанд сафар кард. Занаш хесту ба устоҳо кас монду фармуд, ки мадраса созанд. Устоҳо ба кор сар карда, сохтани мадрасаро идома доданд.
Як рӯз Бибихонум ба болои қасраш баромада, мадрасаро тамошо карданӣ шуд. Нохост шамол тӯри рӯи ӯро бардошту назари устои гилкор ба Бибихонум афтод: «Оҳ, ҳақиқатан зебо будааст. Ба хироҷи мамлакат меарзидааст» — гуфта усто аз дилаш гузаронд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё