Зеҳн
Қиссаҳои ноб дар ҳар боб

Китоб аз ҳикояҳо ва қиссаҳои гуногун иборат буда, барои хонандагон таҳия шудааст. Дар он ҷанбаҳои ахлоқӣ ва тарбиявӣ тавассути образи ҳайвоноту парандагон баён мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 125 саҳифа

ҚиссаҲайвонот
Аз аввал хондан

Бибихонум ба канизи худаш мегӯяд:
— Рав, ба устобобо гӯй, мадрасаро зудтар буд кунад, вақти омадани амир шуд!
Усто ба каниз мегӯяд:
— Рав, ба Бибихонум гӯй, ки ба устобобом якто бӯса диҳанд.
Бибихонум чил то тухмро гирифта, чил хел ранг карду ба канизак дода гуфт:
— Ба устобобо гӯй, тухмро хӯрда, маззаи ҳар кадомашро гуфта диҳад.
Усто тухмро хӯрд ва гуфт:
— Маззаи ҳамаш як.
Канизак омада гапи усторо расонд. Бибихонум гуфт:
— Рафта гӯй, ки маззаи ҳамаи тухм як бошад, маззаи ҳамаи занҳо ҳам як, ба Бибихонум гуфтани ҳамин гапи номаъқул ҳоҷат набуд.

Усто аз кораш пушаймон шуду аз ҷаҳли Темур тарсида, ба худаш аз қамишу ширеш қанот сохта, ҳатто поин нафуромада, аз болои гумбаз парида меравад. Усто паридапарида, ба Машҳад рафта мефарояд.

Сохтмони Мадрасаи Бибихонуми Самарқанд нотамом мондааст. Темур аз сафар омада дид, ки дар маркази шаҳр мадраса пайдо шудааст.
— Ҳамин мадрасаро вайрон накунам, номам Темур не, вай кӣ будаст, ки бе иҷозати ман мадрасаро сохтааст, — гуфт. Баъд омада дид, ки мадрасаро Бибихонум сохтааст. Чӣ кор карданашро надонистааст: вайрон кунад, Бибихонум хафа мешавад, вайрон накунад, қасам хӯрдааст. Сипас аз домуллоҳо маслиҳат пурсидааст. Онҳо китобро кушода гуфтаанд:
— Дар болои боми мадраса харбуза кореду ҳосилашро ҳамроҳи занатон хӯред, қасаматон мустаҷоб мешавад.
Дар болои мадраса харбуза қошта, ҳосилашро зану шавҳар хӯрданд ва мадрасаро ба номи Бибихонум монданд.

пешина
аз 125
навбатӣ