Зеҳн
Қиссаҳои ноб дар ҳар боб

Китоб аз ҳикояҳо ва қиссаҳои гуногун иборат буда, барои хонандагон таҳия шудааст. Дар он ҷанбаҳои ахлоқӣ ва тарбиявӣ тавассути образи ҳайвоноту парандагон баён мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 125 саҳифа

ҲайвонотҚисса
Аз аввал хондан

Бибидавлат ва Темури ланг

Мегӯянд шоира Бибидавлат дар шаҳри Самарқанд зиндагӣ мекард ва ҳар ду чашми ӯ кӯр буданд. Вақте Темури ланг Самарқандро гирифт, бо шоираи нобино сӯҳбат намуд ва Давлат ин шеърро хонд:
Оташ дар шаҳри Самарқанд бод,
В-ин Темури ланг чун сипанд бод.
Амир Темур аз ӯ пурсид:
— Чӣ ном дорӣ?
Гуфт:
— Давлат.
Подшоҳ гуфт:
— Давлат кӯр намебошад.
Давлат филбадеҳа ҷавоб дод:
— Агар кӯр намебуд, назди Темури ланг намеомад.

Боз шеър мегӯям

Темури ланг Шерозро тасхир карда, мардуми бегуноҳро аз дами шамшер мегузаронид. Пирон Қуръон ба даст ба кӯча мебаромаданд, то сарбурони амир аз китоби муқаддас битарсанд ва хуни ноҳақ нарезанд. Вале ҷоҳилонро чашм кӯру гӯш кару дил санг гашта буд. Аз қатли зану кӯдак низ даст намекашиданд. Бинобар ин мардум ҳамагон дар таҳхонаву молхонаҳо пинҳон шуда мекӯшиданд то пеши назари хунхорони Темури ланг намудор нашаванд. Дар кӯчаҳои шаҳр пашша ҳам пар намезад. Бар хилофи ин ҳама рӯзе дар хиёбони бузурги шаҳр марде пайдо шуд чандапӯш ва пайваста шеър мегуфт. Марди дарвешро мемонд ӯ. Сарбозони амир пеши роҳаш баромаданд ва гуфтанд:
— Эй марди дарвеш, ту кистӣ?
— Шоирам! — ҷавоб дод дарвеши чандапӯш.
— Ту ҳамвора чӣ мегӯй?

пешина
аз 125
навбатӣ