Қиссаҳои ноб дар ҳар боб

Китоб аз ҳикояҳо ва қиссаҳои гуногун иборат буда, барои хонандагон таҳия шудааст. Дар он ҷанбаҳои ахлоқӣ ва тарбиявӣ тавассути образи ҳайвоноту парандагон баён мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 125 саҳифа
— Шеър мегӯям!
— Ту магар хабар надорӣ, ки бо фармони Амир Темур аҳолии шаҳр ба қатли ом маҳкум шудаанд?! Боз шеър мегӯӣ! Магар аз ҷонат сер шудаӣ?
— Шеър гуфтан касби ман аст. Ман бо гуфтани шеър дили худро холӣ мекунам ва дили дигаронро тасаллӣ медиҳам.
— Эй дарвеши шеъргӯӣ, агар ҳамин ҳоло ба паси гарданат бо мақсади сар аз тан ҷудо кардан шамшер монам, чӣ мегӯӣ? – гуфт сардори аскарони Темури ланг.
Марди дарвеш фавран гуфт:
— Шеър мегӯям ва агар қасди ҷонам карда, бар гарданам шамшер гузорӣ ҳам, боз шеър мегӯям ва сарам аз тан ҷудо гардад ҳам, шеър мегӯям.
Улуғбек
Мирзо Улуғбек ба мамлакати ҳамсоя лашкар кашида, як духтари хурдсоли хушрӯйро асир гирифта, ба пойтахташ Самарқанд меорад. Духтарчаро калон карда, ба писараш тӯй карда додани мешавад. Ин гапро писараш фаҳмида, шодӣ мекунад, ҳар рӯз ба пеши духтарак рафта, ҳар чиз ҳадия мекунад, зиқ шуданӣ намемонад.
Чанд сол мегузараду Мирзо Улуғбек олими зӯр мешавад, расадхона месозад. Вай бо илму дониш найрангу фиреби домуллоҳои нодону бесаводро фош карда, онҳоро расво месозад. Ин кораш ба муллоҳо намефорад, шабу рӯз бо хаёли як бало карда куштани Улуғбек мешаванд, лекин аз ӯ метарсиданд, охир подшоҳро куштан кори ҳазл не!
Писари Улуғбек бачаи беакле буд ва таҳти таъсири ҳамон муллоҳо монда буд. Муллоҳо як рӯз мефаҳманд, ки подшоҳ ба дигар шаҳр сафар кардани аст. Ҳадаҳа ба писараш одам мемонанду ба вай мегӯянд:
— Ту магар ҳамон асираро дӯст медорӣ?
— Ҳа, дӯст медорам, – мегӯяд писари Улуғбек.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё