Қиссаҳои ноб дар ҳар боб

Китоб аз ҳикояҳо ва қиссаҳои гуногун иборат буда, барои хонандагон таҳия шудааст. Дар он ҷанбаҳои ахлоқӣ ва тарбиявӣ тавассути образи ҳайвоноту парандагон баён мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 125 саҳифа
— Агар дӯст дорӣ, дон, ки духтарро худи падарат гирифтани аст. Вай ба ту падар бошад ҳам, ҳукмаш раво аст. Туро як сол ба зиндон мепартояду хостаашро мекунад. Агар хоҳӣ, мо як маслиҳат медиҳем, иҷро кунӣ, ба орзуят мерасӣ.
Писари Улуғбек розӣ мешавад.
— Падарат пагоҳ ба сафар мебарояд, ту аз вай пештар рафта, дар фалон ҷо пинҳон шуда нишин. Вақте ки падарат наздик шуд, аз пешаш баромада ӯро куш. Ҳам асира ба ту мемонад, ҳам давлату тахти подшоҳӣ, — мегӯянд муллоҳо. Писари падарбезор ҳамон шаб баромада, дар сари роҳи падараш пинҳон шуда менишинад.
Пагоҳ Мирзо Улуғбек ба сафар мебарояд. Дар як чӯли бегиёҳ вақти намоз хондан писари номардаш аз куҷое пайдо мешаваду сарашро аз танаш ҷудо мекунад.
Ин воқеа фавран овоза мешавад, халқ ба писари Улуғбек лаънат хонда, дар ҳаққи ӯ гуфтааст:
Падаркушро нашояд подшоҳӣ, Агар шояд, ба ҷуз шаш моҳ напояд.
Бар асоси ин гуфтаи халқ подшоҳии писари Улуғбек аз шаш моҳ зиёд давом намекунад. Кушандаи падар ҷазояшро мебинад. Ӯро низ ба қатл мерасонанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё