Зеҳн
Қиссаҳои ноб дар ҳар боб

Китоб аз ҳикояҳо ва қиссаҳои гуногун иборат буда, барои хонандагон таҳия шудааст. Дар он ҷанбаҳои ахлоқӣ ва тарбиявӣ тавассути образи ҳайвоноту парандагон баён мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 125 саҳифа

ҚиссаҲайвонот
Аз аввал хондан

ДАР БОРАИ ЛУҚМОНИ ҲАКИМ

Луқмони Ҳаким чӣ тавр табиби машҳур шуд?

Рӯзе подшоҳи мамлакати зулмоти зери замин ба Искандар як халта орд дода, мегӯяд:
— Агар ин ордро нон пухта хӯрӣ, рӯзи нек мебинӣ!
Искандар аз мамлакати зулмот баромада, ордро ба як зан медиҳад ва мефармояд, ки аз он нон пазад.

Зан ордро хамир мекунаду ба танӯр часонданӣ мешавад, аммо нон ба танӯр начаспида, афтидан мегирад. Се-чор маротиба мечаспонад, боз меафтад. Нонҳои афтидаро зан ба як тараф гирифта мемонаду аз орди дигар як танӯр нон пухта, ба пеши Искандар мебарад. Искандар нонро мехӯрад, вале ягон натиҷа намебинад.

Замоне ба дари хонаи зан як дарвеш омада, даст дароз мекунад, зан нонҳои аз танӯр афтидаро бароварда, ба вай медиҳад. Дарвеш ба лаби як чашма рафта, нонҳоро дар об тар карда мехӯрад. Ҳамин дарвеш Луқмони Ҳаким будааст.

Баъди нонро хӯрдан авзои Луқмони Ҳаким тағйир меёбад ва ӯ ба ҳар гиёҳе, ки вомехӯрад, он гиёҳ «ман ба фалон дард даво» мегӯяд.

Аз ҳамон вақт Луқмони Ҳаким аз ҳар гиёҳ дору тайёр карда, ба дардмандон дармон мебахшад ва оҳиста-оҳиста табиби машҳур мешавад.

пешина
аз 125
навбатӣ