Зеҳн
Қиссаҳои ноб дар ҳар боб

Китоб аз ҳикояҳо ва қиссаҳои гуногун иборат буда, барои хонандагон таҳия шудааст. Дар он ҷанбаҳои ахлоқӣ ва тарбиявӣ тавассути образи ҳайвоноту парандагон баён мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 125 саҳифа

ҚиссаҲайвонот
Аз аввал хондан

Қозӣ аз Луқмони Ҳаким пурсид, ки:
— Аз куҷо шумо нишонаҳои шутури ин мардро медонед? Шояд гапаш рост бошад?

Луқмони Ҳаким ҷавоб дод:
— Чашми чапи шутурро кӯр гуфтам, чунки дидам, ки шутур алафҳои тарафи рости роҳро хӯрда рафтаасту алафҳои тарафи чапи роҳро надидааст. Шакарбор барои он гуфтам, ки ҷуволи болои шутур сӯрохӣ доштаасту аз он сӯрохӣ дар ҷо-ҷои роҳ шакар рехтааст.

Сабаби вазнинбор гуфтанам ин аст, ки пайи се пои шутур ба замин чуқур рафтааст. Маълум мешавад, ки шутур ҳангоми чариданаш зонуи як пояшро хам карда, алаф мехӯрдааст.

Қозӣ гапҳои Луқмони Ҳакимро маъкул дониста, ба даъвогар гуфт:
— Ту, аблаҳ, одами дигар наёфтӣ магар, ки ин бузургворро дузд гирифтӣ?! Акнун барои гуноҳат аз ин кас узр мехоҳӣ!

Мард аз даъвои ноҳақаш дар назди Луқмони Ҳаким хиҷолат кашида, аз ӯ узр хост ва аз қозихона берун рафт.

Таъбири Луқмони Ҳаким

Луқмони Ҳаким гуфтааст:
— Се навъи ашхосро дар се маврид бештар мешиносанд: аввал — одами ҳалимро дар вақти хашм; дуюм — марди баҳодурро ҳангоми ҷанг ва сеюм — дӯстро дар аснои ҳоҷат талабидан.

Насиҳати Луқмони Ҳаким ба писараш

Луқмони Ҳаким як писар доштааст. Рӯзе ӯ писарашро дар назди худ шинонда гуфтааст:
— Азизам, ман ба ту чанд насиҳат дорам, чунки ин қарзи

пешина
аз 125
навбатӣ