Зеҳн
Қиссаҳои ноб дар ҳар боб

Китоб аз ҳикояҳо ва қиссаҳои гуногун иборат буда, барои хонандагон таҳия шудааст. Дар он ҷанбаҳои ахлоқӣ ва тарбиявӣ тавассути образи ҳайвоноту парандагон баён мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 125 саҳифа

ҚиссаҲайвонот
Аз аввал хондан

падарии ман аст. Мехоҳам, ки насиҳатҳои маро ту иҷро кунӣ, агар онҳоро иҷро кунӣ, кам намешавӣ.

Писар гуфтааст:

– Падари бузургвор! Гӯшам ба шумост, ман фармонбардоратон ҳастам!

– Насиҳати ман ҳамин аст, ки – гуфтааст Луқмони Ҳаким, аввал: ҳеҷ касро ба қорат шарик накун, ба кори ҳеҷ кас худат ҳам шарик нашав, зеро ҳаққи шарикро адо карда наметавонӣ, хиёнат карда мемонӣ ва гунаҳкор мешавӣ, гуноҳ ки кардӣ, золим мешавӣ; дуюм: ҳукм кун аз некӣ, манъ кун аз бадӣ, сабру тоқат кун ба ҳар чӣ, ки бароят мерасад, ин аз бузургтарин хасоиси одамӣ аст; сеюм: рӯятро аз мардум нагардон, дар замин бо такаббур пой манеҳ, Худо такаббурро дӯст намедорад; чаҳорум: дар вақти сухан гуфтан овозатро паст ва суханатро мулоим кун, чунки аз нописандтарин овозҳо овози хар аст; панҷум: ҳеҷ гоҳ ва ҳеҷ вақт ба худ фахр макун, чунки Худо фахрро намеписандад ва бад мебинад. Фақиру хоксор бош; шашум: таманнои мол ва ҳол накун, агар ҳолдор бошию молат бошад, ба мардуми мӯҳтоҷ бидеҳ, додам гуфта фахру миннат накун, худат дону одами гирифта; ҳафтум: амонат нигоҳ мадор, амонатнигоҳдорӣ беҳад мушкил аст. Агар амонат дорию хиёнат кунӣ, ба ғазаби Худо гирифтор мешавӣ; ҳаштум: ба кас дурӯғ нагӯӣ, умри дурӯғ кӯтоҳ мебошад, дурӯғгӯй душмани парвардигор аст; нӯҳум: бо сипоҳӣ ошногӣ накун, чунки сипоҳиро меҳру шафқат дар дил кам бошад; даҳум: бо дӯстонат самимиӣ бош, эҳтиромашонро нигоҳ дор, зеро онҳо ҳамеша туро дар ҳар ҳолат пуштибонӣ хоҳанд кард; ёздаҳум: аз навкиса58 қарз нагир, агар гирӣ ҳам, сарф накун, чунки навкиса андеша надорад ва дар душвортарин лаҳзаҳо метавонад қарзашро талаб кунад; дувоздаҳум: ба зан сирри дил нагӯ, зеро риояи аҳду вафо дар занҳо кам андар кам аст.

58 Навкиса – шахсе, ки ба тозагӣ сарватманд шудааст.

пешина
аз 125
навбатӣ