Зеҳн
Қиссаҳои ноб дар ҳар боб

Китоб аз ҳикояҳо ва қиссаҳои гуногун иборат буда, барои хонандагон таҳия шудааст. Дар он ҷанбаҳои ахлоқӣ ва тарбиявӣ тавассути образи ҳайвоноту парандагон баён мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 125 саҳифа

ҚиссаҲайвонот
Аз аввал хондан

Мегӯянд, ки писари Луқмони Ҳаким ин суханони падарашро ба гӯш гирифтааст ва то охири умраш аз рӯи онҳо амал кардааст.

Подшоҳро табобат кардани Луқмони Ҳаким

Мегӯянд, ки дар замони қадим Луқмони Ҳаким ном як одами бисёр донишманд буд. Як рӯз подшоҳи мамлакат Луқмони Ҳакимро ҷеғ зада гуфтааст:
— Мегӯянд, ки ту бисёр одами доною ҳунарманд ҳастӣ. Як чизи нав бисоз, ки ҳеҷ вақт ва ҳеҷ кас насохта бошад.

Луқмони Ҳаким хеле фикр карда тухми кирмакро ёфт, парвариш кард, пилла шуд. Аз пилла шоҳӣ бофта ва аз он як сару либос дӯхта, ба подшоҳ пешкаш кард. Подшоҳ либоси ҳарирро гирифта, хурсанд шуда гуфт:
— Ин либосе, ки ту дӯхтай, ҳақиқатан ҳам мақбул, ин хел либос боби подшоҳе мисли ман аст. Акнун ту раву ба ман ҳамин хел либос тайёр карда овардан гир, аммо ин сирро ба касе нагӯй, агар ягон одам аз сирри кори ту хабардор шуда, ҳамин хел либос карда пӯшад, саратро аз танат ҷудо мекунам!

Аз либоси барои подшоҳ дӯхтаи Луқмони Ҳаким каме матоъ зиёдӣ карда буд. Аз он матоъ зани Луқмони Ҳаким ба духтарчааш курта дӯхта дод. Инро як душмани Луқмони Ҳаким диду ба подшоҳ хабар расонид. Подшоҳ тафтиш карда дид, ки он хабар рост баромад. Баъд Луқмони Ҳакимро ба наздаш хоста гуфт:
— Ман ба ту чӣ гуфта будам?! Ту гапи маро писанд накардӣ, ба духтарчаат аз матои либоси ман курта карда дода, ҳамаро аз ин сир хабардор кардӣ! Барои ин гуноҳат туро ба духтарчаат ба зиндон андохта, ба дари зиндон қир мерезам, то дар дарунаш азоб кашида пӯсида равӣ!

Луқмони Ҳаким гуфт:
— Агар маро ба зиндон андохтанӣ бошед, ба одамона-

пешина
аз 125
навбатӣ