Зеҳн
Қиссаҳои ноб дар ҳар боб

Китоб аз ҳикояҳо ва қиссаҳои гуногун иборат буда, барои хонандагон таҳия шудааст. Дар он ҷанбаҳои ахлоқӣ ва тарбиявӣ тавассути образи ҳайвоноту парандагон баён мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 125 саҳифа

ҚиссаҲайвонот
Аз аввал хондан

Фармоед, ки дуто кати пӯлодӣ созанд, катҳоро ба зиндон дароварда, дар назди ҳар кадомаш як халтагӣ бодом монанд.

Подшоҳ «хайр аст, ду кат садқаи сар» гуфта, хоҳиши Луқмони Ҳакимро ба ҷо овард. Баъд ӯро ҳамроҳи дутарчааш ба зиндон андохту даҳони зиндонро қир рехта, маҳкам кард.

Ин хабар ба гӯши Афлотун расид. Вай шогирди Луқмони Ҳаким буд. Афлотун аз тарс худ ба худ «мабодо подшоҳ маро шогирди Луқмони Ҳаким гуфта, зиндон накунад» - гӯён дар байни як кӯҳ пинҳон шуда, атрофашро тилисм кард.

Чанд сол гузашт. Ин подшоҳ дунёро падруд гуфт. Подшоҳи дигар ба сари давлат омад.

Подшоҳи нав як рӯз гӯшт мехӯрд, ки як устухон ба гулӯяш банд шуд. Табибу ҷарроҳи бисёре оварданд, илоҷашро ёфта натавонистанд.

Яке аз табибон гуфт, ки:

  • Ба ин дарди подшоҳ фақат Афлотун даво карда метавонад.

Подшоҳ пурсид:

  • Афлотун куҷо бошад?

Одамонаш воқеаи бо Луқмони Ҳаким рухдодаро ба подшоҳ нақл карда, гуфтанд:

  • Афлотун шогирди Луқмони Ҳаким аст, баъди ин воқеа тарсида, дар куҷое пинҳон шудааст.

  • Афлотунро дар ҳар куҷо бошад, ёфта ба назди ман биёред, - фармон дод подшоҳ.

Афлотун омада, гулӯи подшоҳро диду худ ба худ «ба ҳамин баҳона дари зиндонро боз мекунонам, магар зинда бошад?» - гуфта ба подшоҳ фармуд:

  • Ба дарди шумо фақат устоди ман Луқмони Ҳаким даво карда метавонад.

Подшоҳ баъди ин гап фармон дод, ки зиндони Луқмо-

пешина
аз 125
навбатӣ